Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзони тоҷик дар Сочи

Рӯзи 22-юми сентябр дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ таҳти унвони «Ҳадяи табиат» дар шаҳри Сочии Русия кишоварзони тоҷик низ маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, дар доираи ин чорабинӣ намоиши барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони тоҷик низ дар назар аст. «Ҳамчунин баргузории […]


Рӯзи 22-юми сентябр дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ таҳти унвони «Ҳадяи табиат» дар шаҳри Сочии Русия кишоварзони тоҷик низ маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, дар доираи ин чорабинӣ намоиши барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони тоҷик низ дар назар аст. «Ҳамчунин баргузории як қатор мизҳои гирди муштараки соҳибкорони тоҷику рус пешбинӣ гардида, тоҷирони рус бо ҳамтоҳои тоҷики худ ҷиҳати имконоти таҳвили маҳсулоти кишоварзони тоҷик ба Русия гуфтушунидҳо анҷом медиҳанд», – иброз дошт ӯ.

Эгамзод бар ин назар аст, ки намоишгоҳи мазкур натанҳо ба пешбурди роҳёбии маҳсулоти кишоварзони тоҷик ба бозорҳои Русия мусоидат мекунад, балки барои Тоҷикистон аҳамияти бузурги фарҳангиву сиёсӣ низ дорад.

Номбурда хотирррасон намуд, ки санаи 23-юми сентябр дар шаҳри Сочи нишасти навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардида, бо роҳбарии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Тоҷикистон низ дар он ширкат меварзад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.