КДАМ: Боздошти нашъаҷаллоби қаблан судшуда бо героин

Зимни як амалиёти махсуси кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар қаламрави фурудгоҳи пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир зодаи 58-солаи Тоҷикистон, феълан шаҳрванди Русия ва сокини шаҳри Волгоград Сироҷ Давлатов боздошт шуд. Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, дар пинҳонгоҳи махсусе дар борҷомаи сафарии худ боздоштшуда тавассути […]


Зимни як амалиёти махсуси кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар қаламрави фурудгоҳи пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир зодаи 58-солаи Тоҷикистон, феълан шаҳрванди Русия ва сокини шаҳри Волгоград Сироҷ Давлатов боздошт шуд.

Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, дар пинҳонгоҳи махсусе дар борҷомаи сафарии худ боздоштшуда тавассути хатсайри ҳавоии Душанбе-Красноярск беш аз 1,8 кило маводи сахттаъсири героинро ба қаламрави Русия интиқол доданӣ будааст.

«Соли 2002 боздоштшуда барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар аз ҷониби суди шаҳри Душанбе ба 15,5 соли зиндон маҳкум гардида, соли 2011 тибқи қонуни афв озод шуда буд», – зикр мегардад дар иттилои КДАМ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.