Шабдолов: Бидуни тағйири қонунгузорӣ интихоботи демократӣ ғайриимкон аст

– Бидуни тағйироти заминавӣ дар қонунгузории интихобот, бахусус қонун «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ», баргузории интихоботи озодонаву демократии сарвари давлат ғаййриимкон аст, – чунин ибрози андеша намуд дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ), вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов. Дар ҳамин ҳол, ӯ бори дигар таъкид дошт, ки ҲКТ […]


– Бидуни тағйироти заминавӣ дар қонунгузории интихобот, бахусус қонун «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ», баргузории интихоботи озодонаву демократии сарвари давлат ғаййриимкон аст, – чунин ибрози андеша намуд дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ), вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов.

Дар ҳамин ҳол, ӯ бори дигар таъкид дошт, ки ҲКТ бидуни шубҳа дар маъракаи интихоботи президентии санаи 6-уми ноябр ширкат хоҳад варзид ва дар анҷумани ҲКТ, ки рӯзи душанбеи ҳафтаи наздик доир мегардад, номзад ба мансаби президентӣ аз ҲКТ эълон мешавад.

«Ҳизби коммунистони Тоҷикистон тавассути иштирок дар интихоботи сатҳҳои гуногун уҳдадор аст, ки ба ҳамагон, бахусус ҷавонон барнома ва ҳадафу вазифаҳои худро шарҳ бидиҳад. Мо ба мардум фаҳмониданием, ки коммунистон чӣ мехоҳанд, ба гунае, ки Ленин соли 1917 ба мардум мақсад ва вазифаҳои болшевиконро шарҳ дод: «Сулҳ ба мардум, нон ба гуруснагон, фабрикаҳо ба коргарон, замин ба деҳқонон», – зикр кард Шабдолов.

Раиси ҲКТ мегӯяд, «мо барномаи дақиқе дорем, ки аз бунёди давлати хизматгор ба мардум, на баръаксаш иборат аст. Ин бояд давлате бошад, ки дар он дастгирии иҷтимоии аҳолӣ пурзӯр буда, ба бекорӣ хотима бахшида шавад ва мардум бо таҳсилоту хизматгузории ройгон таъмин бошанд».

Дар посух ба саволи хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» оид ба арзёбии иштироки як қатор аҳзоби камшумор дар интихоботи кунунии президентӣ, Шодӣ Шабдолов изҳор кард, ки ин раванди маъмулии демократист.

«Тибқи таҷрибаи демократияи ҷаҳонӣ, сарфи назар аз ҷойгоҳ ва маъруфият миёни интихобкунандагон, аксари нерӯҳои сиёсӣ дар интихобот иштирок мекунанд ва бо ин ҳузури худ дар майдони сиёсӣ ё дигар арсаи ҷамъиятиро таъкид месозанд», – зикр кард пешвои коммунистони кишвар.

Дар ҳамин ҳол, Шабдолов ҳамчунин иброз дошт, ки истифодаи мафҳуми «камшуморӣ» нисбати ин ё он ҳизби сиёсӣ қобили қабул нест. «Моҳи октябри соли 1923 шумори болшевикони Русия ҳамагӣ 23 ҳазор нафар ва шумори эсерону меншевикон миллионҳо нафарро ташкил медод, вале мардум болшевиконро интихоб кард», – ёдовар шуд ӯ.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар сафҳои худ имрӯз расман беш аз 45 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид месозад, ҳарчанд ба андешаи Шабдолов, «коммунистон дар кишвари мо бамаротиб зиёдтаранд». «Ман чунин мешуморам, ки имрӯз касони ҷонибдори ҳақиқату адолат, баробарии иҷтимоӣ ва бародарии халқҳо ҳама коммунистонанд», – афзуд раиси ҲКТ. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.