Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СААД дар Сочи

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори нишасти навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки рӯзи 23-юми сентябр дар шаҳри Сочии Русия доир мегардад, ширкат меварзад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СААД баррасии як баста аснод оид ба рушди низомии […]


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори нишасти навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки рӯзи 23-юми сентябр дар шаҳри Сочии Русия доир мегардад, ширкат меварзад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СААД баррасии як баста аснод оид ба рушди низомии Созмон то соли 2010 дар назар аст, ки аз масоили таъсиси нерӯҳои авиатсионӣ ва идоракунии нерӯҳои дастаҷамъонаи СААД иборат аст.

«Иштирокчиёни нишаст атрофи вазъ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон табодули назар намуда, ҳамчунин масъалаи расонидани кӯмаки низомиву техникӣ ба марзбонони Тоҷикистонро низ баррасӣ мекунанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар чаҳорчӯби иштирок дар кори нишасти СААД дидору гуфтушуниди сарвари давлати Тоҷикистон бо ҳамтоҳои худ аз Созмони мазкур пешбинӣ шудааст.

«Дар остонаи ифтитоҳи кори нишасти СААД аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар шаҳри Сочи ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешавад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.