Амиршоева: Мардум доғдор накардани шаъни миллат аз ВАО-ро дархост мекунанд

Зимни вохӯриҳои вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон, ки аз 12-уми сентябр оғоз ва то 22-юми ҳамин моҳ идома меёбанд, интихобкунандагон дархостҳое ҳам ба воридоти тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва ВАО» дар қисмати ҳифзи шаъну эътибори миллати тоҷик пешниҳод кардаанд. Ин нуктаро дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили Маҷлиси намояндагони […]


Зимни вохӯриҳои вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон, ки аз 12-уми сентябр оғоз ва то 22-юми ҳамин моҳ идома меёбанд, интихобкунандагон дархостҳое ҳам ба воридоти тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва ВАО» дар қисмати ҳифзи шаъну эътибори миллати тоҷик пешниҳод кардаанд. Ин нуктаро дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Саодат Амиршоева баён кард.

«Масалан, аксари мардуми вилояти Хатлонро хабари аз ҷониби ВАО интишоршуда бо такя ба сомонаи расмии ВКД ҶТ дар бораи ба ҳабс гирифтани ду нафар падарон аз ноҳияҳои Рӯдакиву Қумсангир  

ба гумони таҷовуз ба номуси духтари худ

шадидан нигарон намудааст», – гуфт вакил.

Дар идома ӯ зикр кард, ки интишори ба ин монанд хабарҳои ҳанӯз комилан тасдиқнашуда шаъну эътибори миллати тамоми тоҷикони ҷаҳонро паст мекунанд.

«Дар кишвари мо меъёрҳои озодии баён ва демократия риоя мешаванд, вале журналистони муҳтарам ва сарчашмаҳои ахбор бояд бидонанд, ки дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ мафҳуми эҳтимолияти бегуноҳӣ вуҷуд дорад, яъне то замони аз ҷониби суд гунаҳкор эътироф нашудани шахс, ӯро наметавон ҷинояткор номид», – афзуд Амиршоева.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.