КДАМ: Боздошти нашъаҷаллоби қаблан судшуда бо героин


Зимни як амалиёти махсуси кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар қаламрави фурудгоҳи пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир зодаи 58-солаи Тоҷикистон, феълан шаҳрванди Русия ва сокини шаҳри Волгоград Сироҷ Давлатов боздошт шуд.

Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, дар пинҳонгоҳи махсусе дар борҷомаи сафарии худ боздоштшуда тавассути хатсайри ҳавоии Душанбе-Красноярск беш аз 1,8 кило маводи сахттаъсири героинро ба қаламрави Русия интиқол доданӣ будааст.

«Соли 2002 боздоштшуда барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар аз ҷониби суди шаҳри Душанбе ба 15,5 соли зиндон маҳкум гардида, соли 2011 тибқи қонуни афв озод шуда буд», – зикр мегардад дар иттилои КДАМ.

spot_imgspot_img

Популярное