Шабакаи аввали ТВ террористони қаблан боздоштшударо намоиш медиҳад

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон барномаи муфассалеро дар бораи боздошти аъзои гурӯҳи террористӣ дар Душанбе ахири ҳафтаи гузашта намоиш доданист. Сюжети телевизионӣ дар ин бора имрӯз, 24-уми сентябр соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ пахш мегардад. Қаблан дар сомонаи расмии ВКД ҶТ иттилоъ дода шуда буд, ки ин барнома шоми рӯзи 23-юми сентябр намоиш дода мешавад, вале […]


Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон барномаи муфассалеро дар бораи боздошти аъзои гурӯҳи террористӣ дар Душанбе ахири ҳафтаи гузашта намоиш доданист. Сюжети телевизионӣ дар ин бора имрӯз, 24-уми сентябр соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ пахш мегардад.

Қаблан дар сомонаи расмии ВКД ҶТ иттилоъ дода шуда буд, ки ин барнома шоми рӯзи 23-юми сентябр намоиш дода мешавад, вале бо сабабҳои номаълум намоиши он ба имрӯз гузаронида шуд.

Гурӯҳи террористони ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе боздоштшуда, роҳандозии таркишҳо дар назди чор дарвозаи пойтахт, як қатор биноҳои мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар иншооти давлатиро тарҳрезӣ намуда буданд.

Бино ба маълумоти мақомот, гурӯҳро сокини ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Алимурод Маханови 29-сола бо лақаби «устод» роҳбарӣ мекардааст, ки дар яке аз лагерҳои ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар Покистон таълими ҳарбӣ гирифтааст.

«Айни замон 10 нафар аз аъзои фаъоли гурӯҳи террористии мазкур боздошт ва аз онҳо таппончаҳо, адабиёти таблиғотӣ, нақшаҳои иншоот барои тарконидан ва ғайра дарёфту мусодира гардида, ҷустуҷӯи чанде аз аъзои он эълон шуд», – гуфта буд манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.