Cозмонҳои журналистӣ пахши барномаҳои нафратангези телевизиониро маҳкум карданд


Созмонҳои журналистии кишвар бо пахши як изҳорот аз



роҳбарияти давлат ва ҳукумати Тоҷикистон тақозо карданд, ки ба пахши барномаи телевизионии нафратангез баҳои сазовори ҳуқуқиву сиёсӣ дода шавад.






Изҳороти мазкур дар робита ба пахши барномаи 


телевизионии “Пойбанди нафрат” интишор гардидааст, ки 20-уми сентябри соли ҷорӣ тавассути “Шабакаи аввал”, “Ҷаҳоннамо” ва “Баҳористон” намоиш дода шуд.




Бино ба иттилои торнамои

Одоб

, вақтҳои охир шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон ба намоиш додани барномаҳое иқдом кардаанд, ки боиси таассуфи аҳли ҷомеа гаштаанд ва ба меъёрҳои касбӣ низ мувофиқ нестанд.




Бахусус, аз тариқи шабакаи «Баҳористон» намоиш додани барномаи фарогири филми «Пойбанди нафрат», ки ба мавзӯи ахлоқи наврасон ва кӯдакон бахшида шудааст, муносибати ғайрикасбӣ ва қонуннописандии дастандаркорони шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистонро бармало ба намоиш гузошт.

“Шабакаҳои давлатии Телевизион, аз ҷумла, «Баҳористон» бо намоиш додани чунин барнома меъёри конститутсионии дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуҳои фитрии инсон, ҳаққи қонунии кӯдакон ва наврасон оид ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, маҳрамона будани асрори ҳаёти кӯдакон ва амсоли онҳоро дағалона поймол намуданд”, – таъкид шудааст дар изҳорот.

Аз муҳтавои филм чунин хулоса бармеояд, ки аъмоли зишти таҷовуз ба номуси кӯдакон дар байни ҷомеа аллакай маъмул гаштааст. Вале дар ҷомеаи Тоҷикистон чунин аъмол ҳамеша маҳкум мешуд ва имрӯз низ маҳкум мегардад. Бинобар ин, онро набояд аз тариқи телевизион ба тамоми мардуми кишвар намоиш дод, балки бар зидди он аз тариқи роҳҳои қонунӣ, масалан суд, истифода бурд. Ҳатто дар ҳолати баррасии судӣ низ, бояд талаботи қонун дар бораи маҳрамияти асрори ҳаёти кӯдакон халалдор нагардад ва мурофиаи судӣ дар мавзӯи кӯдакон тибқи қонун бояд дар паси дарҳои баста гузарад.

“Гузашта аз ин, «Баҳористон» ба ҳайси шабакаи телевизионии кӯдакону наврасон бо намоиш додани филми «Пойбанди нафрат» одоби миллии тоҷикиро, ки дар ҳузури кӯдак намоиш додан як тараф истад, ҳатто ба забон овардани алфози қабеҳро нораво медонад, нодида гирифтааст. Боиси таъкид аст, ки кормандони эҷодии шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон бо таҳияву пахши чунин барномаҳо огоҳона ва ё ноогоҳона, «оинаи нилгун»-ро ба минбари ташвиқу тарғиби фаҳшу фуҷур табдил дода, «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро низ сарфи назар намудаанд”, – омадааст дар изҳорот.

Ҳамчунин дар он бо таассуф қайд гардидааст, ки шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон аъмоли як тан нохалафро ҳамчун аъмоли умумии миллат ба намоиш гузошта, обрӯ, шаъну эътибор ва иффату фарҳанги миллӣ ва имиҷи Тоҷикистонро дар назари мардумони кишварҳои дигари дунё паст задаанд.

“Дар натиҷа фарзияҳое низ пайдо мешаванд, ки намоиш додани чунин барномаҳо дар арафаи маъракаи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади муайяни сиёсӣ дошта, бар зидди рақибони сиёсӣ равона гашта бошад. Дар ин росто, баҳри расидан ба ҳадаф, ба бозиҳои сиёсӣ кашидан ва ё истифода бурдани кӯдакону наврасон тангназарӣ ва камоли ноҷавонмардист. Ҳол он ки сарвари давлат дар ҷаласаи идонаи бахшида ба 22-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон аз ҳамаи он довталабони эҳтимолие, ки номзадии худро гузоштанианд, даъват намуд, то “фарҳанги волои сиёсиро риоя карда, ин маъракаи муҳимро ба майдони моҷароҷӯӣ ва ҳангоматалабӣ табдил надиҳанд”, – таъкид доштаанд созмонҳои журналистӣ.

Изҳороти мазкурро Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори мустақили Тоҷикистон ва Медиа-Алянси Тоҷикистон имзо кардаанд.

spot_imgspot_img

Популярное