Ташрифи ҳайати Хадамоти зиддимухаддироти Қирғизистон ба АНМН

Аз 25 то 28 сентябри соли ҷорӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҳайати Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии муовини аввали раиси ХДНМН Ғуломҷон Анарбаев ташриф меоваранд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, мақсади ташриф — шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти Агентӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо […]

ASIA-Plus


Аз 25 то 28 сентябри соли ҷорӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҳайати Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии муовини аввали раиси ХДНМН Ғуломҷон Анарбаев ташриф меоваранд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, мақсади ташриф — шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти Агентӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо байни ду мақомот дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, мубодилаи таҷриба дар муқовимат бо ҷиноятҳои мухаддиротӣ ва инчунин иштирок  дар ҷаласаи навбатии коршиносони АҚТ.

Ба иттилои манбаъ, дар барномаи ташрифи меҳмонон инчунин гузаронидани вохӯриҳои дуҷониба, аз он ҷумла бо Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия  Р.Назаров  ба нақша гирифта шудааст.Меҳмонон бо фаъолияти як қатор раёсатҳои АНМН низ шиносоӣ пайдо мекунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки намояндагони ХДНМН  ба маркази кинологӣ, ки дар он ҷо Маркази миллии бозомӯзии кормандони ҳифзи ҳуқуқ сохта шудааст, ташриф оварда, оид ба фаъолияти хизматии ин марказ аз наздик ошно мешаванд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.