Хатлон: Бозбинии парвандаи собиқ корманди милисаи дар шиканҷа айбдоршуда

Дар ҷануби кишвар бознигарии парвандаи собиқ нозири минтақавӣ Машраф Алиев, ки бо ҷурми истифодаи шиканҷа нисбат ба як ноболиғ айбдор дониста шудааст, оғоз гардид. Ҷаласаи судӣ 24-уми сентябр дар бинои додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз гардида, мурофиаро додраси суди шаҳрӣ Бахтиёр Искандаров раисӣ мекунад. Аммо мурофиа дер давом накарда, суд то соати 10-и рӯзи 26-уми сентябр […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Дар ҷануби кишвар бознигарии парвандаи собиқ нозири минтақавӣ Машраф Алиев, ки бо ҷурми истифодаи шиканҷа нисбат ба як ноболиғ айбдор дониста шудааст, оғоз гардид.

Ҷаласаи судӣ 24-уми сентябр дар бинои додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз гардида, мурофиаро додраси суди шаҳрӣ Бахтиёр Искандаров раисӣ мекунад. Аммо мурофиа дер давом накарда, суд то соати 10-и рӯзи 26-уми сентябр танаффус эълон кард. Сабаби он ҳозир нашудани айбдоркунандаи давлатӣ ба мурофиа аст, ки ӯро бояд прокуратураи ноҳияи Ёвон таъмин мекард.

Талбон Сафаров, яке аз ҳимоятгарони судшаванда Машраф Алиев аз суд дархост кард, ки барои ҳозир нашудан ба мурофиа нисбат ба прокурор чора андешида шавад.

Ёдрас мекунем, ки

ахири моҳи марти соли ҷорӣ

ҳукм дар нисбати собиқ нозири минтақавии милисаи Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиев, ки тирамоҳи соли гузшта барои шиканҷаи ноболиғ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ маҳкум шуда буд, бекор гардида, парвандаи ҷиноятӣ барои тафтишоти иловагӣ ба Прокуратураи генералии ҶТ фиристода шуд.


Аввали моҳи июл

парвандаи ҷиноятӣ пас аз тафтиши иловагӣ ба суди ноҳияи Ёвон ирсол гардид.

Суди ноҳияи Ёвон

рӯзи 24-уми июл

баррасии дубораи парвандаи собиқ нозири минтақавӣ Машраф Алиевро оғоз кард. Аммо дар рафти мурофиа раисикунандаи суд Иброҳим Қурбонов бо дархости ҳимоятгари судшаванда худро аз баррасии парванда канор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки сокини ноболиғи деҳаи Кулободи ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон 29-уми апрел дар манзили истиқоматиаш дар ҳоли худро ба дор овехтан пайдо карда шуд. Наздиконаш писарбачаро аз банд берун оварда, дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд. Тафтишот муайян сохт, ки чанде қабл корманди милисаи маҳаллӣ бо гумони даст доштан дар дуздӣ, ӯро ба утоқи кориаш даъват намуда, писарбачаро таҳқиру дашном дода, ба хотири гирифтани гувоҳии иқрорӣ латукӯб кардааст. Бино ба маълумоти тафтишот, ноболиғ баъд аз муносибати дағалонаи корманди милиса даст ба худкушӣ задааст.

7-уми сентябри соли 2012 додгоҳи ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро гунаҳкор дониста, ба 7 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Аммо додгоҳи вилояти Хатлон дар асоси эътирози раиси Суди олии ҶТ ҳукми додгоҳи Ёвонро бекор кард, зеро ба ақидаи ӯ, ҳукм нисбат ба Машраф Алиев сабук аст. Бо назардошти эътирози мазкур парвандаи ҷиноятӣ ба тафтиши дубора фиристода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.