Мусодираи миқдори зиёди афюн дар пойтахт

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор сокини ноҳияи Шӯрообод Ҷамшед Баротови 34-сола дастгир карда шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, зимни азназаргузаронии автомашинаи шахсиаш, тамғаи «ВАЗ-2121» аз дохили пинҳонгоҳи махсус 23 килою 740 грамм маводи нашъадори «афюн» […]


Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор сокини ноҳияи Шӯрообод Ҷамшед Баротови 34-сола дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, зимни азназаргузаронии автомашинаи шахсиаш, тамғаи «ВАЗ-2121» аз дохили пинҳонгоҳи махсус 23 килою 740 грамм маводи нашъадори «афюн» дарёфт ва мусодира карда шуд.

Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотии иловагӣ, муайян карда шудааст, ки маводи нашъадори дарёфтшуда, ба сокини ноҳияи Шӯрообод шаҳрванд Зариф Сафарови 30-сола тааллуқ доштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш бурда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.