Боздошти аъзои гурӯҳи ташаббускори номзад ба мансаби президентӣ О.Бобоназарова

Чанде соат қабл роҳбари бахши ноҳиявии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Наисм Раҷабов ва як гурӯҳи фаъолони ҳизб ҳангоми ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзад ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова аз ҷониби кормадони Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт боздошт шуданд. Муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайи ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки […]

ASIA-Plus


Чанде соат қабл роҳбари бахши ноҳиявии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Наисм Раҷабов ва як гурӯҳи фаъолони ҳизб ҳангоми ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзад ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова аз ҷониби кормадони Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт боздошт шуданд.

Муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайи ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки барои рӯшан сохтани сабабҳои боздошти аъзои гурӯҳи ташаббускор то ҳанӯз бо раҳбарияти КМИР ва ВКД дар тамос шуда натавонистаанд.

«Кормандони милиса фаъолонро барои муайян кардани ҳақиқӣ будани ҳуҷҷатҳо ва имзоҳои ҷамъовардаи онҳо ба ҷонибдории номзад Ойниҳол Бобоназарова боздошт кардаанд», – гуфт М.Ҳайит.

Дар ҳамин ҳол, аз Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар робита ба ин масъала хабар доданд, ки шахсони зикршуда то ҳол ба шуъба оварда нашуда, ному насабашон ҳам дар рӯйхати боздоштшудагон зикр нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи президенти Тоҷикистон ба санаи 6-уми ноябр, Рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистон таъин шудааст. Ба ҳар кадоме аз номзадҳо ҷамъоварии ҳудуди 210 ҳазор имзо, 5% аз шумори умумии аҳолӣ зарур аст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷамъоварии миқдори 5%-и имзоҳо аз шумори умумии интихобкунандагон барои аксари номзадҳо хеле мушкил хоҳад буд. Ба андешаи аксари сиёсатмадорон, механизми мавҷудаи ҷамъоварии имзоҳо гӯё махсусан чунин роҳандозӣ шудааст, ки тартиботи бақайдгирии номзадҳо мушкил гардад ва дар маъракаи интихоботи гузашта маҳз ҳамин омил садди роҳи бисёр номзадҳо шуда буд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ин душвориро ба осонӣ паси сар мекунад. Дар маъракаҳои интихоботи гузашта дар ҷамъоварии имзоҳо ҲХДТ ҳатто ба кӯмак расонидан ба рақибон омода буд.

«ҲХДТ то андозае ба ҳусни таваҷҷуҳи аксари аҳолӣ нисбаташ мутмаин аст, ки барои мо зарурати монеъае эҷод сохтан ба номзадҳои аҳзоби дигар зарурате вуҷуд надорад. Баръакс, фикр мекунам, ки аъзои ҳизби мо ҳатто ба кӯмак омодаанд», – гуфта буд он замон муовини раиси ҲХДТ Давлаталӣ Давлатов.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.