Суғд: Боздошти як туркмани ба куштор дар ватанаш муттаҳамшуда

Дар вилояти Суғд як шаҳрванди 48-солаи Туркманистон боздошт шуд, дар ватанаш ба одамкушӣ муттаҳам дониста шуда, таҳти пайгарди байнулмилалии қонунӣ қарор дошт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ин шаҳрванди Туркманистон дар қаламрави ноҳияи Спитамен боздошт шудааст. «Боздоштшуда дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд як шаҳрванди 48-солаи Туркманистон боздошт шуд, дар ватанаш ба одамкушӣ муттаҳам дониста шуда, таҳти пайгарди байнулмилалии қонунӣ қарор дошт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ин шаҳрванди Туркманистон дар қаламрави ноҳияи Спитамен боздошт шудааст.

«Боздоштшуда дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ шуда, масъалаи истирдоди ӯ ба ватанашро Прокуратураҳои генералии Тоҷикистону Туркманистон мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳанд», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ин шаҳрванди Туркманистон ҳанӯз соли 1996 бо истифода аз силоҳи оташфишон даст ба куштор зада, муддати тӯлонӣ дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.