Умаралӣ Қувватов аз тавқифгоҳи Дубай озод карда шуд


Пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов имрӯз аз тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб озод карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Николай Николаев, яке аз адвокатҳои Қувватов тариқи телефон хабар дод, аз ҷузъиёти масъала баъдтар маълумот дода шуда, айни замон адвокатҳо рӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба қатъи ниҳоии парвандаи ӯ машғули коранд.

«Парванда аз ҷониби ҳукуматдорони тоҷик бо мақсадҳои сиёсӣ комилан сохтакорӣ шуда, айни замон мо ҷиҳати таъмини амният ва солимии ӯ кӯшиш ба харҷ дода истодаем, то ки минбаъд фаъолона ба сиёсат машғул гардад», – гуфт Николаев.

Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, ба Қувватов гирифтани мақоми паноҳанда дар Русия ё дигар кишвари узви ИДМ пешниҳод шуда буд, вале ӯ рад кардааст. Ба гуфтаи Николаев, айни замон масъалаи паноҳгоҳи сиёсӣ додан ба Қувватов мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, яке аз кишварҳои омода ба додани паноҳгоҳ Маҷористон (Венгрия) аст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи

18-уми сентябри соли ҷорӣ

ҳимоятгари пешвои ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» иттилое интишор намуд, ки дар он Умаралӣ Қувватов изҳор мекунад, ки дар ҳама гуна ҳолат суди Дубай ба истирдоди ӯ даст нахоҳад зад. «Дар ҳар ҳолат, маро ин ҷо аллакай муддати 2 моҳ ғайриқонунӣ нигоҳ медоранд. Шояд пагоҳ, щояд баъди панҷ ё даҳ рӯз маро озод кунанд. Дар ҳама гуна ҳолат маро озод хоҳанд кард», – мутмаинона изҳор намуда буд Қувватов.


Ду рӯз қабл аз ин

Николай Николаев изҳор намуда буд, ки ҳукуматдорони Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) истирдоди ӯро ба Тоҷикистон рад карда, ҳуҷҷатҳои инкоркунандаи ин далелро онҳо дар даст надоранд.

Дар ҳамин ҳол, ахири моҳи август як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки масъалаи истирдоди роҳбари «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов метавонад муддати як ҳафта ҳаллу фасл шавад.

«Мо дар тамоми мурофиаҳои судӣ ғолиб омадем, яъне суди зинаи аввал ва таҷдиди назар дар ҳарду ҳолат ҳам ба истирдоди Қувватов ба Тоҷикистон қарор содир намуд. Шикояти Қувватов ва адвокати ӯ рад карда шуд, – иброз дошта буд он замон манбаъ. – Айни замон танҳо масъалахои техникиро ҳал кардан зарур аст».

Ёдрас мекунем, ки Қувватов ахири моҳи декабри соли 2012  бо дархости ҳукуматдорони тоҷик дар Дубай боздошт шуд. Ба Аморати Муттаҳидаи Араб ӯ Аз Маскав омада, ният дошт, ки минбаъд сафарашро ба шаҳри Брюссел идома бидиҳад.

Санаи 10-уми марти соли ҷорӣ ҳукуматдорони АМА дархости Душанбеи расмӣ оид ба истирдоди мухолифи тоҷикро рад намуданд. Аллакай рӯзи 14-уми апрел бошад, суд оид ба ватан истирдод шудани пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи-24» қарор содир намуд. Пас аз ин адвокат аз болои қарори суд шикояти кассатсионӣ пешниҳод намуд, ки он санаи 18-уми баррасӣ шуд. Аммо то имрӯз мақомоти расмӣ дар бораи чӣ гуна қарор қабул шудан нисбати Қувватов аз ҷониби суди Дубай маълумот намедиҳанд.

spot_imgspot_img

Популярное