Ҳамагӣ 4,6% маблағгузории хурд дар Тоҷикистон ба истеҳсолот рост меояд

Дар ҷараёни кори Конфронси имрӯзаи миллӣ таҳти унвони «Дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ, нақши қарорҳои сармоягузорӣ ва инноватсионӣ» дар Душанбе зикр гардид, ки ҳудуди 40% аз ҳаҷми умумии маблағузории хурд ба бахши савдо ва ҳамагӣ 4,6%-и он ба соҳаи истеҳсолот рост меояд. Ба андешаи роҳбари ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон интернешнл» Санавбар Шарифова, барои рушди тиҷорати […]

Маина Швартс


Дар ҷараёни кори Конфронси имрӯзаи миллӣ таҳти унвони «Дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ, нақши қарорҳои сармоягузорӣ ва инноватсионӣ» дар Душанбе зикр гардид, ки ҳудуди 40% аз ҳаҷми умумии маблағузории хурд ба бахши савдо ва ҳамагӣ 4,6%-и он ба соҳаи истеҳсолот рост меояд.

Ба андешаи роҳбари ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон интернешнл» Санавбар Шарифова, барои рушди тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд, вале дар ҳамин ҳол, «дар роҳандозии тиҷорат ҳамчунин мушкилоте чун сатҳи пардохтпазирии нокофии аҳолӣ, афзоши нархҳо дар нақлиёт ва мавҷуд набудани дастрасӣ ба технологияҳои инноватсионӣ низ ҷой доранд». «Ҳалли мушкилоти қарзҳои хурди миқдори зиёд барои корхонаҳои тозатаъсис зарур аст», – гуфт номбурда.

Дар конфронс ҳамзамон зикр гардид, ки миқёси фарогирии аҳолии Тоҷикистон бо хизматгузориҳои маблағгузории хурд комилан нокофӣ аст. Миёни сабабҳои ин вазъ иқомати аксари аҳолӣ дар манотиқи деҳот ва дур аз шаҳру маркази ноҳияҳо номбар шуд.

Ба андешаи иштирокчиёни конфронс, роҳандозии стратегияҳои нав ва дарёфти сарчашмаҳои иловагии маблағгузорӣ зарур мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.