Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Соати 10:00 дар дафтари кории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мавзӯи монеъаҳои сунъии эҷодкарда дар роҳи бақайдгирии номзадҳо ба мансаби президентӣ конфронси матбуотӣ доир мегардад. Созмондиҳандаи чорабинӣ ситоди пешазинтихоботии номзад Ойниҳол Бобоназарова аст; – Дар толори хурди маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» (ошёнаи 3-юм) бо ташаббуси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди […]



Анонс

– Соати 10:00 дар дафтари кории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мавзӯи монеъаҳои сунъии эҷодкарда дар роҳи бақайдгирии номзадҳо ба мансаби президентӣ конфронси матбуотӣ доир мегардад. Созмондиҳандаи чорабинӣ ситоди пешазинтихоботии номзад Ойниҳол Бобоназарова аст;

– Дар толори хурди маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» (ошёнаи 3-юм) бо ташаббуси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар мавзӯи «ВАО ва муҳоҷират» мизи гирд барпо мегардад. Оғоз соати 09:00;

– Соати 10:00 дар маҷмааи давлати «Кохи Борбад» намоишгоҳи «Маҳсулоти содиротии вилояти Синтзян-Уйғури Чин» ба кор оғоз мекунад, ки то 30-юми сентябр идома меёбад;

– Дар хиёбони рӯбарӯи бинои хизмати маишии «Салдбарг» Раёсати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар корхонаҳои пойтахтро доир менамояд. Оғоз соати 08:00;

– Дар доираи даври интихобии мусобиқоти Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дастаи Тоҷикистон бо дастаи Қувайт қувваозмоӣ мекунад. Оғози бозӣ соати 22:00;

– Бозиҳои аввали нимфинали Ҷоми футболи Тоҷикистон. «Парвоз» (ноҳ. Бобоҷон Ғафуров) – «Истиқлол» (Душанбе) ва «Регар-ТадАЗ» (ш. Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа). Бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 1-уми октябр доир мегарданд.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7683

сомонӣ;


1

евро

– 6.1054

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1499

сомонӣ.



Як рӯзи таърих



Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ


1968

– Дар Душанбе бо иштироки АИ ИҶШС конфронси байнулмилалии ЮНЕСКО оид ба таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанги Осиёи Марказӣ дар давраи Кӯшониён ба кор шурӯъ намуд.


1927

– Зодрӯзи овозхон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов.


1963

– Мавлуди нависанда ва рӯзноманигор Равшан Махсумов.


1963-2001

– Зодрӯзи нависанда Мавҷигули Зардодхон.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +23+28.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +15+20.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +20+25.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +7+12, рӯзона +20+25;  дар шарқи вилоят шабона 0-5, рӯзона +10+15.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +27+29.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +27+29.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +29+31.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +29+31.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +8+10 рӯзона +24+26.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.