Иштироки ҳайати «Амонатбонк» дар форуми иқтисодии Авруосиё дар Чин

Аз 25 то 28-уми ҳамин моҳ дар шаҳри Шансии Ҷумҳурии мардумии Чин форуми иқтисодии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) оғоз гардид. Ин форум бо ибтикори Ҳукумати шаҳри Шансии Чин ва Бонки рушди Чин гузаронида мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк», дар форуми иқтисодии давлатҳои узви СҲШ аз БДА ҶТ «Амонатбонк» намояндагон бо […]

ASIA-Plus


Аз 25 то 28-уми ҳамин моҳ дар шаҳри Шансии Ҷумҳурии мардумии Чин форуми иқтисодии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) оғоз гардид. Ин форум бо ибтикори Ҳукумати шаҳри Шансии Чин ва Бонки рушди Чин гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк», дар форуми иқтисодии давлатҳои узви СҲШ аз БДА ҶТ «Амонатбонк» намояндагон бо иштироки муовини раиси Раёсат Сироҷиддин Икромов ширкат меварзанд.

Ба иттилои манбаъ, дар форуми мазкур бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ ҳамчунин намояндагон, роҳбарони ташкилоту институтҳои молиявии байналхалқӣ даъват шудаанд.

«Аз рӯи барномаи омодашудаи форум ҳамкориҳои моливии Бонкҳои узви Иттиҳоди байнибонкии СҲШ, пешравӣ дар оянда баҳри рушди ҳамкориҳои  молиявӣ дар минтақаи Авруосиё, дастгирӣ ва некӯаҳволии мардуми минтақа, дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна мавриди муҳокимаи иштирокчиён қарор мегирад», – омаддаст дар иттилои хадамоти матбуоти бонк.

 Лозим ба ёдоварист, ки дар масаъалаи ҳамкории молиявӣ муовини раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромов дар ин форум маърӯза менамоянд. Форуми мазкур 3 рӯз давом мекунад ва дар он масъалаҳои муҳими молиявӣ баррасӣ хоҳанд шуд.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст