Маҳсулоти беш аз 70 ширкати вилояти Синтзян-Уйғури Чин дар намоишгоҳи Душанбе

Дар намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти содиротии вилояти Синтзян-Уйғури Чин, ки имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба кор шурӯъ мекунад, беш аз 70 ширкат маҳсулоти худро ба маърази тамошову фурӯш мегузоранд. Намоишгоҳ аз ҷониби Раёсати умури савдои берунаи назди Вазорати тиҷорати Чин, департаменти тиҷорати вилояти Синтзян-Уйғур ва маъмурияти ҳавзаи Қошғар, департаменти хоҷагии ҷангали вилояти мазкур дар ҳамдастӣ […]


Дар намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти содиротии вилояти Синтзян-Уйғури Чин, ки имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба кор шурӯъ мекунад, беш аз 70 ширкат маҳсулоти худро ба маърази тамошову фурӯш мегузоранд.

Намоишгоҳ аз ҷониби Раёсати умури савдои берунаи назди Вазорати тиҷорати Чин, департаменти тиҷорати вилояти Синтзян-Уйғур ва маъмурияти ҳавзаи Қошғар, департаменти хоҷагии ҷангали вилояти мазкур дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва сафорати Чин дар Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Дар конфронси матбуотии рӯзи 26-уми сентябр дар Душанбе муовини губернатори ҳавзаи Қошғар Ван Юн Ҷи дар ин робита изҳор намуд, ки ҳадаф аз намоишгоҳи мазкур густариши минбаъдаи ҳамкориҳои шарикона буда, баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо мусоидат менамоянд.

Ба гуфтаи ӯ, барои иштирок дар намоишгоҳ 150 нафар намояндагони зиёда аз 70 ширкати вилояти Синтзян-Уйғури Чин ба Душанбе ташриф оварда, беш аз 70 номгӯи маҳсулоти содиротии ин минтақаи Чин ба сокинону меҳмонони Душанбе пешкаш мегардад.

Қобили зикр аст, ки дар доираи кори намоишгоҳ нимаи дуюми имрӯз дар меҳмонхонаи «Истиқлол» вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистону Чин дар назар буда, рӯзи 28-уми сентябр маросими муаррифии шаҳраки саноатии Гуанчжоу New City доир мегардад, ки чанде қабл дар ҳавзаи Қошғар бо мақсади рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бунёд шудааст.

Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти содиротии вилояти Синтзян-Уйғури Чин дар Душанбе маротибаи шашум доир гардида, то 30-юми сентябр идома меёёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.