Корҳои бунёди МБГ «Душанбе-2» бомаром идома доранд

Корҳои сохтмонӣ дар Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и «Душанбе»-2» тибқи нақшаи пешбинишуда идома доранд. Тавре  ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, айни замон дар сохтмони маркази мазкур 1,4 ҳазор нафар бинокорону мутахассисон машғули кор буда, ҳафтаи оянда шумори онҳо то ба 1,5 ҳазор нафар мерасад. «Дар кори сохтмон беш аз 160 […]


Корҳои сохтмонӣ дар Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и «Душанбе»-2» тибқи нақшаи пешбинишуда идома доранд.

Тавре  ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, айни замон дар сохтмони маркази мазкур 1,4 ҳазор нафар бинокорону мутахассисон машғули кор буда, ҳафтаи оянда шумори онҳо то ба 1,5 ҳазор нафар мерасад. «Дар кори сохтмон беш аз 160 адад техникаву таҷҳизоти гуногун мавриди истифода қарор доранд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз сохтмони дегхонаи №1 ва дудбаро пурра ба анҷом расида, корҳои бетонрезӣ дар иншоот дар ҳаҷми 42 ҳазор метри мукааб ба иҷро расидаанд.

Ёдрас мекунем, ки Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе»-2» дар доираи созишномаи сеҷониба миёни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ҶСК «ТВЕА» (Чин) ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳкорӣ» бунёд мегардад.

Иқтидори Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе»-2» 200 МВт-ро ташкил хоҳад дод. Мавриди истифода қарор гирифтани блоки аввали марказ то оғози зимистони имсола дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.