Боздиди сарвари давлат аз ноҳияҳои Ҷиргатолу Нуробод

Зимни сафари корӣ ба гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт президенти мамлакат Эмомлӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Ҷиргатолу Нуробод боздид намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Ҷиргатол сарвари давлат аз намоишгоҳи маҳулоти кишоварзии ноҳия боздид намуд. Хоҷагиҳои инфиродии ноҳия дар намоишгоҳ маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ, ғалладонагиҳо, намудҳои гуногуни сабзавот аз ҷумла картошка ва гиёҳҳои шифобахшро ба […]

ASIA-Plus


Зимни сафари корӣ ба гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт президенти мамлакат Эмомлӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Ҷиргатолу Нуробод боздид намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Ҷиргатол сарвари давлат аз намоишгоҳи маҳулоти кишоварзии ноҳия боздид намуд. Хоҷагиҳои инфиродии ноҳия дар намоишгоҳ маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ, ғалладонагиҳо, намудҳои гуногуни сабзавот аз ҷумла картошка ва гиёҳҳои шифобахшро ба маъраз гузоштанд.

Тавре маълум гардид кишоварзони ноҳияи Ҷиргатол бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаро сол то сол васеъ намуда, аз ин ҳисоб даромади зиёд ба даст меоранд. Ҳосилнокии майдони картошказор дар ноҳияи Ҷиргатол зиёда аз 300 сентнерро ташкил дода, деҳқонон аз кишти ғалладона дар заминҳои обӣ 50 сентнер ва лалмӣ 30 сентнер ҳосил рӯёниданд.

Шароит ва иқлими ноҳияи Ҷиргатол барои парвариши картошка ва боғпарварию чорводорӣ мувофиқ мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳия нақша доранд дар соли 2013-ум истеҳсоли картошкаро ба 100 ҳазор тонна расонанд.

Сипас сарвари давлат ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавию инфиродии ҷамоати деҳоти Ҷиргатол ташриф оварда, бо рафти ҷамъоварии картошка шинос шуд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолияти муассисаи таълимии давлатии литсейи хонандагони болаёқат аз наздик ошно гардид.

Ҳамчунин бо иштироки сарвари давлати Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Ҷиргатол боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба истифода дода шуд. Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Ҷиргатол президенти Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳамчунин бо фаъолони ноҳия суҳбати озоду самимӣ анҷом дод.

Ҳангоми суханронӣ президенти мамлакат таъкид намуд, ки Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба мамлкати содиркунандаи картошка табдил ёфтааст. Ҳамчунин зикр гардид, ки истеҳсоли картошка имсол дар ҷумҳурӣ 1 миллион тоннаро ташкил дода, дар 3 соли оянда ба 1,5 миллион тонна расонида мешавад.

Нимаи дуюми рӯз президенти Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод ташриф овард. Боздиди Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод аз шиносоӣ бо фаъолияти назарраси хоҷагиҳои намунавии инфиродӣ, маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар мавзеи Сари қоши Чамоати деҳоти Хумдон оғоз гардид.

Дар ҷамоати деҳоти «Хумдон»-и ноҳия Нуробод сарвари давлат ҳамчунин ба хоҷагии боғпарварии «Деҳқон» ташриф оварда, бо маҳсули меҳнати назарраси заҳматкашони ин ҳоҷагӣ низ шиносоӣ пайдо кард. Дар ин хоҷагӣ роҳбари давлат доир ба рушд ва васеъ бароҳмондани занбури асалпарварӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод. Хоҷагидорон аз ҳосил ва самараи меҳнати хеш ҳавасманд гардида, бо шинонидани нихолҳои гуногуни мевадиҳанда масоҳати боғро сол то сол зиёд менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод бо буридани лентаи рамзӣ, ба фаъолияти муассисаи нави таълимӣ, ки бо риояи тарҳу усулҳои муосири меъморӣ бунёд гардидааст расман оғоз бахшид. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-и ноҳияи Нуробод, дар заминаи мактаби куҳна, ки он чун мактаби асосӣ, ки толибилмон дар он то синфи 9-ум ба таълим фаро гирифта мешуд, бунёд ёфтааст.

Тавре аён гардид, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-и ноҳияи Нуробод бо фармоиши Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаҳои зери обшавандаи Роғун» барои 330 хонанда дар як баст бо маблағи 7 миллиону 600 ҳазор бунёд гардидааст.

Ба истифода додани Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 мушкилоти ҷандинсолаи кӯдакону наврасони ҷамоати деҳоти Хумдонро бартараф намуд. То ба бунёди чунин муассисаи наву замонавии илмомӯзӣ фарзандони ин деҳа барои таълим масофаи 4-5 километрро тай менамуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.