Эҳтимоли тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо аз ҷониби КМИР

Дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон изҳор мекунанд, ки муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдорри номзадҳо ба мансаби президентиро дароз карда метавонанд. Роҳбари Дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки чанде қабл Ҳизби демократ ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба КМИР бо чунин дархост муроҷиат кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дархост […]

ASIA-Plus


Дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон изҳор мекунанд, ки муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдорри номзадҳо ба мансаби президентиро дароз карда метавонанд.

Роҳбари Дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки чанде қабл Ҳизби демократ ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба КМИР бо чунин дархост муроҷиат кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дархост бо он асоснок шудааст, ки муҳлати ҷудошуда (то 7-уми октябр) барои фарогирии тамоми манотиқи кишвар аз ҷониби гурӯҳи ташаббускори ҷамъоварии имзоҳо кофӣ нест.

«КМИР дар фурсати наздиктарин муроҷиатро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, қонеъ гардидани онро аз эҳтимол дур намедонам», – таъкид дошт Додоев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.