Афзоиши ҳаҷми пасандозҳо дар бонкҳои Тоҷикистон

Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти афзоиши ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеӣ болоравии этимоди мардум ба бонкҳоро таъкид месозанд. Бино ба иттилои хадамоти матюбуоти БМТ, бақияи пасандозҳо тибқи маълумотҳои оморӣ дар охири моҳи августи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5 фоиз афзун гашт. Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 36,3 фоиз […]

ASIA-Plus


Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти афзоиши ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеӣ болоравии этимоди мардум ба бонкҳоро таъкид месозанд.

Бино ба иттилои хадамоти матюбуоти БМТ, бақияи пасандозҳо тибқи маълумотҳои оморӣ дар охири моҳи августи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5 фоиз афзун гашт. Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 36,3 фоиз (маблағи 1 млрд. 916,1 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 63,7 фоиз (3 млрд 358 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил додаанд.

Гуфта мешавад, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,63 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,18 фоизи солонаро ташкил намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,26 фоиз ва 2,2 фоиз кам шуданд.

Дар робита ба қарзҳо иттилоъ дода мешавад, ки мувофиқи маълумотҳои оморӣ бақияи умумии қарзҳо дар моҳи августи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,5 фоиз зиёд мебошад. Таркиби бақияи қарзҳо аз 63,5 фоиз (4 млрд. 370,4 млн. сомонӣ) қарзҳои кутоҳмуддат ва 36,5 фоиз (2 млрд. 514,1 млн. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад.

Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 23,98 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 22,63 фоизи солонаро ташкил доданд.   

Чун моҳҳои пеш бинобар зиёд гардидани талабот, ҳаҷми қарзҳои хурд дар давраи ҳисоботӣ ба 3 млрд. 035,9 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 987,0 млн. сомонӣ ё 48,2 фоиз афзуд. Аз он ҷумла, 601,1 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 39,7 фоиз зиёд мебошад.

«Кам кардани меъёри қарз ва пасандозҳо ба иқтисод таъсири мусбат мерасонад. Бо ҷалби захираҳои нисбатан «арзон»-и аҳолӣ бонкҳо имкон пайдо мекунанд, ки тавассути пешниҳоди қарзҳо бо фоизҳои камтар ба иқтисоди ҷумҳурӣ маблағгузорӣ кунанд», – шарҳ доданд дар БМТ.

Бино ба маълумоти БМТ, тасҳеҳи меъёрҳои қарз ва пасандозҳо ҳамчунин имкон додааст, ки меъёри бозтамвил дар бандҳои муайян низ коҳиш дода шавад ва ояндаи наздик боз коҳиш додани меъёри бозтамвид аз 6,1 то 5,5% дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.