Наришкин: Дар Русия тоҷикон метавонанд барои 3 сол иҷозати кор гиранд

Зимни суханронии имрӯза дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин изҳор намуд, ки дар Русия шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои се сол иҷозатномаи кор гиранд. С.Наришкин бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Ӯ зикр кард, ки мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз масоили муҳим дар Русия ба шумор рафта, мутаносибан ба мақомоти […]

ASIA-Plus


Зимни суханронии имрӯза дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин изҳор намуд, ки дар Русия шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои се сол иҷозатномаи кор гиранд. С.Наришкин бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.

Ӯ зикр кард, ки мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз масоили муҳим дар Русия ба шумор рафта, мутаносибан ба мақомоти дахлдори ҳарду кишвар ҳалли муштараки ин масъалаҳо зарур аст.

Ба қавли Наришкин, дар дидору гуфтушуниди ӯ бо раисони ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон низ ба масъалаи муҳоҷират таваҷчуҳ зоҳир шуда, ғайр аз ин, имрӯз дар Душанбе вохӯрии роҳбарони хадамоти муҳоҷирати ҳарду кишвар баргузор мешавад.

Тибқи маълумоти гуногун, айни замон дар қаламрави Русия аз 1 то 1,5 млн. нафар муҳоҷирони кории тоҷик қарор доранд. Айни замон муҳлати иҷозати кор барои шаҳрвандони тоҷик дар Русия аз 3 моҳ то 1 солро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.