Ба дастгирии Бобоназарова беш аз 175 ҳазор нафар имзо ҷамъоварӣ шуд

Намояндагони гурӯҳи ташаббускори номзади пешбаришуда аз ҲНИТ ба мақоми президентӣ Ойниҳол Бобоназарова, ки аз ҷониби ИНИТ низ дастгирӣ ёфт, то имрӯз ба ҷонибдории ӯ беш аз 175 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намуданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ба туфайли имкони имрӯз фароҳамоварда аз ҷониби КМИР […]

ASIA-Plus


Намояндагони гурӯҳи ташаббускори номзади пешбаришуда аз ҲНИТ ба мақоми президентӣ Ойниҳол Бобоназарова, ки аз ҷониби ИНИТ низ дастгирӣ ёфт, то имрӯз ба ҷонибдории ӯ беш аз 175 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намуданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ба туфайли имкони имрӯз фароҳамоварда аз ҷониби КМИР дар мавриди ба муддати 3 рӯз дароз кардани муҳлати ҷамъоварии имзоҳо, гурӯҳҳои ташаббускори номзад Ойниҳол Бобоназарова ба ҷамъоварии имзоҳо идома медиҳанд.

Абдуқаюми Қаюмзод, котиби матбуотии ситоди пешазинтихоботии Ойниҳол Бобоназарова ба ОИ «Азия-Плюс» итминон дод, ки то соати 18:00-и рӯзи 10-уми октябр шумори зарурии имзоҳо ба ҷонибдории номзадашон ҷамъоварӣ хоҳад шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.