Бунёди посбонгоҳи нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ посбонгоҳи нави «Боғдорӣ»-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар доданд, сохтмони посбонгоҳ моҳи сентябри соли 2011 бо дастгирии молиявии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» оғоз гардида, ҳаҷми корҳои сохтмонӣ беш аз 5 млн. сомониро ташкил дод. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби […]

Саҳбон Қурбонов


Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ посбонгоҳи нави «Боғдорӣ»-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар доданд, сохтмони посбонгоҳ моҳи сентябри соли 2011 бо дастгирии молиявии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» оғоз гардида, ҳаҷми корҳои сохтмонӣ беш аз 5 млн. сомониро ташкил дод. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ «Маскан»-и шаҳри Исфара ба иҷро расонида шуданд.

«Иншоот бо назардошти меъёрҳои муосир бунёд гардида, аз бинои маъмурӣ, манзили зисту будубоши сарбозону афсарон, биноҳои хоҷагидорӣ, дегхона, майдони варзишӣ ва қароргоҳи нигоҳдории сагҳои хизматӣ иборат аст», – гуфт манбаъ.

Гуфта мешавад, бо мақсади таъмини марзбонон бо сабзавоту меваи тару тоза барои ташкили хоҷагии ёрирасон 1,5 гектар қитъаи замин ҷудо карда шудааст.

«Дар маросими ифтитоҳи посбонгоҳи нав сардори Ситоди кулли Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Шараф Файзуллоев, сардори Раёсати нерӯҳои марзбонӣ дар вилояти Суғд Ҳикматулло Пираков, муовини раиси вилояти Суғд Мӯбинҷон Қаюмов, раиси шаҳри Исфара Раҳмоналӣ Амиров ва аҳли ҷомеа ҳузур доштанд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.