Ба мурофиаи парвандаи Шодиев нозирони байнулмилалиро роҳ надоданд

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи ҷумъа, 4-уми октябр, ба мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи модари боздоштшуда Баҳромиддин Шодиеви фавтида нозирони байнулмилалиро роҳ надод. Ӯ моҳи ноябри соли 2011 дар шуъбаи милисаи пойтахт эҳтимол бо сабаби шиканҷа ба ҳалокат расида буд. Модари ӯ дар ҳаҷми 180 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 38 ҳазор $) товони […]

Маҳпора Киромова


Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи ҷумъа, 4-уми октябр, ба мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи модари боздоштшуда Баҳромиддин Шодиеви фавтида нозирони байнулмилалиро роҳ надод. Ӯ моҳи ноябри соли 2011 дар шуъбаи милисаи пойтахт эҳтимол бо сабаби шиканҷа ба ҳалокат расида буд. Модари ӯ дар ҳаҷми 180 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 38 ҳазор $) товони зарари моливу маънавӣ талаб кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокат Гулчеҳра Холматова хабар дод, дар ин мурофиа се нафар нозирони САҲА ва як тан аз Маркази ҳуқуқи инсон иштирок карданӣ буданд, вале судя Раҷабов ба ҳузури онҳову журналистон иҷозат надод.

«Зимни мурофиаи нахустин суд ба ҷонибҳо пешниҳод намуд, ки ба созиш оянд, вале чун модари Шодиев ба қонеъ гардонидани даъвои худ – ҷуброни зарар дар ҳаҷми 180 ҳазор сомонӣ исрор варзид, қарор шуд, ки ба мурофиаи судӣ идома бахшида шавад, – зикр кард адвокат.

Ба гуфтаи ӯ, дар мурофиа ба сифати ҷавобгарон кормандони Вазорати корҳои дохилии ҶТ Х.Бадалов ва Х.Оймаҳмадов ва ҳамчунин ба сифати ҳамҷавобгарон панҷ нафар аз РВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҳузур хоҳанд дошт.

Бинобар сабаби ҳозир нашудани шоҳидони даъвогар ба мурофиаи судӣ, ҷаласаи судӣ ба ҳафтаи дигар мавқуф гузошта шуд.

Ба қавли адвокат, даъво аз ҷониби модари Шодиев нахуст ба суди ноҳияи Шоҳмансур пешниҳод гардида буд, вале чун ҷавобгар – ВКД дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонӣ воқеъ аст, баррасии даъво ба дӯши суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ вогузор шуд.

Ёдрас мекунем, ки

ахири ҳафтаи гузашта

дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии аризаи даъвогиии модари Баҳромиддин Шодиев, ки дар шуъбаи милисаи пойтахт эҳтимол бо сабаби шиканҷа ба ҳалокат расида буд, дар бораи ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 38 ҳазор $) оғоз гардид.

Ҳанӯз моҳи феврали соли равон бо ҳукми суд собиқ муфаттиши Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Абдураҳмон Додов

ба хунукназарӣ  зоҳир намудан, ки ба марги маҳбус Баҳромиддини Шодиев боис гардид, гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 2 соли зиндон бо адои ҷазо дар муассисаи сукунат маҳкум карда шуд.

Қобили зикр аст, ки ин таҷрибаи нахустини судӣ оид ба баррасии даъвои ҷуброни зарари молӣ аз ҷониби наздикони боздоштшудагон нест. Моҳи марти соли суд ВКД-ро ба пардохти ҷуброн дар ҳаҷми 46,5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 10 ҳазор $) ба ҳамсари сокини Душанбе Сафаралӣ Сангов водор намуд, ки ба қавли хешовандонаш бар асари лату кӯб ва шиканҷа дар шуъбаи милиса фавтида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.