Наришкин: Русияву Тоҷикистон бояд дар ҳамдастӣ амнияти минтақаро таъмин кунанд

Зимни мулоқот бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин дар парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расидани Созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русияро «як рӯйдоди бузургу муҳим» арзёбӣ намуд. Ба андешаи Наришкин, ба тасвиб расидани созишнома – «яке аз шартҳои таъмини амният дар минтақа аст». Ӯ чунин мешуморад, ки […]

ASIA-Plus


Зимни мулоқот бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин дар парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расидани Созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русияро «як рӯйдоди бузургу муҳим» арзёбӣ намуд.

Ба андешаи Наришкин, ба тасвиб расидани созишнома – «яке аз шартҳои таъмини амният дар минтақа аст».

Ӯ чунин мешуморад, ки дар ин ҷо мушкилоти марбут ба таҳиди терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир мавҷуданд. «Аз ин рӯ, Русияву Тоҷикистон бояд дар ҳамдастӣ амнияти минтақаро таъмин кунанд», – иброз дошт Наришкин.

Номбурда ҳамчунин дар ин робита изҳор намуд, ки ин таҳдидҳо дар робита ба хурӯҷи нерӯҳои низомии эътилофи байнулмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 метавонанд афзунтар шаванд ва ин «ба тағйирёбии назаррасии ин мушкилот боис шуда метавонад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.