Беҳбуди шароити зиндониёни ба ҳабси абад маҳкумшуда дар Тоҷикистон

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум бо пешниҳоди ҳукумати кишвар ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Зимни шарҳи тағйиру иловаҳои Кодекси мазкур ба вакилони парлумон вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Менглиев изҳор дошт, ки онҳо пеш аз ҳама барои сабук гардонидани шароити афроди ба ҳабси абад маҳкумшуда равона […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум бо пешниҳоди ҳукумати кишвар ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.

Зимни шарҳи тағйиру иловаҳои Кодекси мазкур ба вакилони парлумон вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Менглиев изҳор дошт, ки онҳо пеш аз ҳама барои сабук гардонидани шароити афроди ба ҳабси абад маҳкумшуда равона шудаанд.

«Мувофиқи тағийрот, акнун ба ин афрод дар давоми як сол ба 4 маротиба гирифтани бастаи ирсолии маҳсулоту лавозимот, 4 маротиба қабули бастаи интиқолӣ ва 2 маротиба дидор бо наздикон иҷозат дода мешавад. Қаблан муқаррароти мазкур мутаносибан 2 дафъа гирифтани бастаи маҳсулот ва 1 мулоқот бо пайвандонро пешбинӣ мекард», – гуфт вазир.

Бино ба иттилои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, феълан дар Тоҷикистон беш аз 60 нафар дар шакли ҳабси абад адои ҷазо мекунанд.

Дар ҷаласаи парлумон ҳамчунин ба қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба навъҳои ҷудогонаи фаъолият» тағйироту илова ворид гардид, ки тибқи он минбаъд ба роҳандозии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар бахши истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон иҷозат дода намешавад.

Вакилон ҳамчунин аз пешниҳоди ҳукумат дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба муқаррароти минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ»,  «Суғд», «Ишкошим» ва «Данғара» ҷонибдорӣ намуданд. Мувофиқи тағйирот, аз ин ба баъд муовинони роҳбарони МОИ аз ҷониби вазири рушди иқтисодӣ ҷумҳурӣ таъин карда мешаванд. Қаблан ҳукумат чунин ваколат дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.