Моҳҳои август-сентябри соли равон афзоиши истеҳсоли семент дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад.
Аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ки агар тӯли моҳҳои январ-июл дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 29 ҳазор тонна семент истеҳсол шуда бошад, пас танҳо дар моҳҳои август-сентябр ҳаҷми истеҳсоли он ба миқдори 90 ҳазор тонна афзуда, дар маҷмӯъ соли равон 119,7 ҳазор тонна семент истеҳсол гардид, ки бештар ба туфайли ба истифода додани корхонаи бузург дар ноҳияи Ёвон ва ба кор даровардани оташдони ангиштӣ дар «Тоҷиксемент» вобаста аст.
Дар Вазорат зикр карданд, ки сарфи назар аз афзоиши истеҳсолот, ин ҳаҷм нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта (182 ҳазор тонна) камтар аст. «Мо бар ин назарем, ки то ахири сол корхонаҳои ҷумҳурӣ ба сатҳи нишондиҳандаи соли гузашта расида, соли оянда аз ҳисоби захираҳои дохилӣ ҳаҷми воридоти семент ба кишвар коҳиш дода мешавад», – мегӯянд дар вазорат.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар зарфи 8 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 77,9 млн. доллари ИМА 823,8 ҳазор тонна семент ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 229 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Дар робита ба нархи ин масолеҳи сохтмон директори корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон Акбар Ғуломов изҳор намуд, ки имрӯз нархи яклухти як тонна сементи истеҳсоли ин корхона аз 700 то 720 сомониро ташкил медиҳад.
«Корхона бо иқтидори пурра фаъолият дошта, дар як шабонарӯз 3 ҳазор тонна сементи тамғаи 400 ва 500 истеҳсол мекунад. Талабот ба семент имрӯз кофӣ буда, аз ин рӯ, мо корхонаро бо иқтидори пурра мавриди истифода қарор додем», – иброз дошт ӯ.
Пас аз таваққуфи 9-моҳа баъди ба кор даровардани оташдон бо истифода аз ангишт, корхонаи «Тоҷиксемент» низ дубора ба фаъолият оғоз кард, ки бинобар сабаби қатъи интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон аз ахири моҳи декабри соли 2012 аз кор бозмонда буд. Сементи корхонаи «Тоҷиксемент» нисбатан гаронтар – 850 сомонӣ барои 1 тонна аст. Тавре аз Вазорат шарҳ доданд, ин ба он вобаста аст, ки корхона бояд қарз барои насби оташдони истифода аз ангиштро пардохт намояд.
Айни замон дар бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон арзиши 1 тонна сементи истеҳсоли хориҷӣ аз 1 то 1 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, талаботи Тоҷикистон ба семент сол то сол афзуда, имрӯз ба ҳудуди 3 млн. тонна (бо назардошти истеҳсолоти дохилӣ) дар як сол баробар аст. Аз ин миқдор ҳаҷми воридоти семент аз Покистон 1,7 млн. тоннаро ташкил дода, ҳаҷми боқимонда аз Қазоқистону Эрон ба ҷумҳурӣ ворид мешавад.







