Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо фарзандони Муҳаммад Иқбол

Дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Лоҳур сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов аз хонаводаи шоир ва муттафакири бузурги Шарқ Муҳаммад Иқбол боздид, бо писари шоир доктор Ҷовид Иқбол ва пайвандонаш мулоқот намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти ин вохӯрӣ ба Ҷовид Иқбол китобҳои тозанашри Аллома Иқбол, аз […]

ASIA-Plus


Дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Лоҳур сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов аз хонаводаи шоир ва муттафакири бузурги Шарқ Муҳаммад Иқбол боздид, бо писари шоир доктор Ҷовид Иқбол ва пайвандонаш мулоқот намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти ин вохӯрӣ ба Ҷовид Иқбол китобҳои тозанашри Аллома Иқбол, аз ҷумла «Куллиёти форсии Иқбол», «Ҷовиднома» ва яке аз асарҳои бузурги фалсафӣ-фиқҳии вай -«Эҳёи фикри динӣ дар ислом» ки бо дастуру ҳидоят ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба нашр расиданд, супурда шуданд.

Гуфта мешавад, зимни ин сафар инчунин сафир бо ҷонишини ректори Донишгоҳи Панҷоб доктор Комрон вохӯрд. Дар рафти вохӯрии мазкур масоили рушди ҳамкориҳо байни мактабҳои олии ду кишвар муҳокима шуданд. Донишгоҳи мазкур яке аз макотиби бузург дар ин кишвар буда, соли 1882 таъсис ёфтааст.

 Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин сафар сафири Тоҷикистон аз Палатаи савдо ва саноати Лоҳур боздид намуда, бо президенти Палатаи мазкур Суҳайл Лошарӣ ва аъзоёни он мулоқот анҷом дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.