Имрӯз таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров ҷаласаи ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби презденти ҶТ аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар ҷаласа дар радифи дигар масоил, ҳамзамон ба шахсони боэътимоди номзад ба мансаби Президенти ҶТ аз ҲХДТ шаҳодатномаҳо супорида шуд. Ҳамзамон, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латипов вобаста ба самтҳои минбаъдаи фаъолияти шахсони боэътимоди номзад ибрози ақида намуд.
Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, ҳар як номзади расман ба мансаби президентӣ сабтиномшуда ба ҷалби 15 нафар шахсони боэътимод ҳуқуқ дорад.
Шахсони боэътимоди номзади ҲХДТ ба мансаби президентӣ Эмомалӣ Раҳмон муаллифи гимни ҷумҳурӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Хурсанд Аъзамов, муовини ректори Донигоҳи давлатии Хоруғ Назрӣ Офаридаев, директори мактаби таҳсилоти умумии №3-и ноҳияи Рашт Аъзам Ҳасанов, шоира, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Хубони порсигӯ» Меҳринисо Бобобекова, раиси шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзода, директори Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи улуми ҶТ Абдувоҳид Шамолов, профессор Одил Нодиров, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Меҳрубон Мирзоева, муовини ректори ДМТ Ашӯрбой Солиев, директори Маркази исломшиносии назди президенти ҶТ Муродулло Давлатов, дотсенти факултаи рӯзноманигории ДМТ Илҳомҷон Ҳамидов, декани факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ Эмомалӣ Насриддинов ва директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҶТ, профессор Маҳмад Раҳимов ба қайд гирифта шуданд.



