Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алӣ Асғари Шеърдӯстро ба муносибати ба поён расидани маъмурияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳангоми мулоқот, ки дар фазои дӯстона гузашт, масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни ду кишвар мавриди мубодилаи афкор қарор гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, мусоҳибон аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии ду ҷонибро ба тавсеа ва таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи гуногун таъкид карданд.
Вазири корҳои хориҷӣ ба ҷаноби Алӣ Асғари Шеърдӯст барои саҳмаш дар густашири муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар муддати маъмурияти дипломатиаш ба сифати сафири Эрон дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба ӯ комёбиҳо орзу кард.



