О.Бобоназарова аз маъракаи интихобот хориҷ мешавад

Номзад аз ҲНИТ ба мансаби президентӣ пешбаришуда Ойниҳол Бобоназарова то субҳи имрӯз 210 ҳазор шумори зарурии имзоҳо ба ҷонибдории худро ҷамъоварӣ карда натавонист. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев хабар дод. Ба қавли Додоев, имрӯз узви КМИР аз ҲНИТ ба ӯ изҳор намудааст, ки номзад Ойниҳол Бобоназарова аз маъракаи интихоботи […]

ASIA-Plus


Номзад аз ҲНИТ ба мансаби президентӣ пешбаришуда Ойниҳол Бобоназарова то субҳи имрӯз 210 ҳазор шумори зарурии имзоҳо ба ҷонибдории худро ҷамъоварӣ карда натавонист. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев хабар дод.

Ба қавли Додоев, имрӯз узви КМИР аз ҲНИТ ба ӯ изҳор намудааст, ки номзад Ойниҳол Бобоназарова аз маъракаи интихоботи президентӣ хориҷ мешавад.

Маҳмадалии Ҳайит, роҳбари ситоди пешазинтихоботии Ойниҳол Бобоназарова ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки алҳол чизи мушаххасе дар ин бора гуфта наметавонад. Ба қавли ӯ, ин масъала нимаи имрӯз дар Шӯрои сиёсии ҲНИТ баррасӣ хоҳад шуд.

Тавре хабар дода шуда буд, дирӯз, 10-уми октябр соати 18:00 муҳлати расмии муқарраршуда барои пешниҳоди имзоҳо ба КМИР ба ҷонибдории номзадҳо ба итмом мерасид. Шоми рӯзи панҷшанбе КМИР ба ситоди пешазинтихоботии Бобоназарова иҷозат дод, ки рӯйхати имзоҳоро то субҳи имрӯз пешниҳод намоянд.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз, чанде қабл аз ба охир расидани муҳлати расмии пешниҳоди имзоҳо ба КМИР аз ситоди Бобонзарова ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дода буданд, ки «ҷараёни ҳисоби имзоҳо босуръат идома дорад».

Ҳамин тариқ, айни замон аз 7 номзади пешбаришудаи аҳзоб ба мақоми президенти Тоҷикистон 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.