Интернети мобилии Тоҷикистон яке аз гаронтарин дар ҷаҳон барои аҳолӣ аст

Нашрияи интернетии русиягии «Сотовик» иттилоъ медиҳад, ки Тоҷикистон ба сафи кишварҳои дорои арзиши баланди интернети мобилӣ нисбат ба даромади моҳонаи аҳолӣ маҳсуб меёбад. Ин нашрия натиҷаҳои мониторинги нархҳо ба интернети мобилӣ дар кишварҳои гуногунро ба чоп расонида, ҳамчунин онҳоро ба даромади моҳонаи аҳолӣ муқоиса намудааст. Бино ба ин маълумот, 500 Мбайт дар Тоҷикистон ба ҳисоби […]

Заррина Эргашева


Нашрияи интернетии русиягии «Сотовик» иттилоъ медиҳад, ки Тоҷикистон ба сафи кишварҳои дорои арзиши баланди интернети мобилӣ нисбат ба даромади моҳонаи аҳолӣ маҳсуб меёбад.

Ин нашрия натиҷаҳои мониторинги нархҳо ба интернети мобилӣ дар кишварҳои гуногунро ба чоп расонида, ҳамчунин онҳоро ба даромади моҳонаи аҳолӣ муқоиса намудааст.

Бино ба ин маълумот, 500 Мбайт дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 39,6 доллари ИМА арзиш дорад, ки 21,8%-и даромади миёнаи моҳонаи тоҷикистониёнро ташкил медиҳад. Дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Қирғизистон низ ба сафи кишварҳои пешсаф дар ин радиф қарор дошта, дар ин кишвар таносуби арзиши интернети мобилӣ ба даромади миёнаи аҳолӣ ба 27,4 $ (арзиши интернети мобилӣ) – 15,8% (даромади миёнаи моҳонаи аҳолӣ) баробар мебошад.

Нашрия менависад, тафовут чандон назаррас набошад ҳам, ин маблағ барои шаҳрванди амрикоӣ ҳамагӣ 2,1%-и даромади моҳонаашро ташкил дода, вале сокинони Африқо барои он бояд 28,4%-и даромади моҳонаашонро пардохт намоянд.

Гуфта мешавад, таносуби арзиши интернети мобилӣ нисбат ба даромади моҳона дар Русия – 27,6 $ (2%), Белорус – 14,3 $ (1,1%), Украина – 13,5 $ (2,6%), Қазоқистон – 7,9 $ (1,0%), Олмон – 12,4 $ (0,4%), Дания – 63,3 $ (1,8%) Испания – 40 $ (1,6%) ва Олмон – 38,2 $ (1,8%)-ро ташкил медиҳад.

«Дар ҳар як кишвар операторони мобилӣ тартибот, суръату тарофаҳои муайян  барои корбарони Интернетро муқаррар намуда, суръат ва арзиши интернети мобилӣ ба як қатор омилҳо, аз ҷумла рақобат, сиёсати танзимшаванда ва сатҳи ҷорисозии технологияҳо вобаста аст», – зикр мегардад дар маълумоти нашрияи мазкур.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои 7 моҳи соли ҷорӣ шумори корбарони шабакаи Итернет дар Тоҷикистон беш аз 3,7 млн. нафар ва корбарони алоқаи мобилӣ беш аз 9,9 млн. нафарро ташкил дод, ки зиёда аз 6,1 млн. нафари онҳо муштариёни фаъол мебошанд.

Дар ҷумҳурӣ шаш оператори фаъоли мобилӣ ва ҳудуди 20 ширкатҳои фароҳамсози Интернет амал мекунанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.