Боздиди хотимавии сафири Эрон аз ВКХ Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алӣ Асғари Шеърдӯстро ба муносибати ба поён расидани маъмурияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳангоми мулоқот, ки дар фазои дӯстона гузашт, масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни ду кишвар мавриди мубодилаи афкор қарор гирифтанд. […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алӣ Асғари Шеърдӯстро ба муносибати ба поён расидани маъмурияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳангоми мулоқот, ки дар фазои дӯстона гузашт, масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни ду кишвар мавриди мубодилаи афкор қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, мусоҳибон аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии ду ҷонибро ба тавсеа ва таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи гуногун таъкид карданд.

Вазири корҳои хориҷӣ ба ҷаноби Алӣ Асғари Шеърдӯст барои саҳмаш дар густашири муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар муддати маъмурияти дипломатиаш ба сифати сафири Эрон дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба ӯ комёбиҳо орзу кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.