Дар садама писар ва як хеши директори чойхонаи «Роҳат» ҳалок шуданд

spot_imgspot_img

Дата:


Дар садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки шоми 9-уми октябр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дода, бар асари он се нафар ба ҳалокат расидаву боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуданд, писари директори чойхонаи «Роҳат» Ӯктам Мансурови 26-сола ва як хеши ӯ Аловиддин Саидови 21-сола ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба маълумоти ВКД, дар рух додани ин садама ҷияни роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов – Ҳукумов Асрор Нуруллоевичи 21-сола гунаҳкор будааст.

Ба гуфтаи муҳосиби чойхонаи «Роҳат», субҳи рӯзи чоршанбе ӯ ба кор омада, огаҳ гардидааст, ки Ӯктам ва Аловиддин, ки онҳо ҳам кормандони ин муассисаанд, дар садамаи нақлиёт фавтидаанд.

«Писари директори чойхонаи «Роҳат» Мансур Саидов ба ҳайси иқтисодчӣ ва хеши онҳо Аловиддин Саидов ба сифати ошпаз дар чойхона фаъолият доштанд», – гуфт ба ОИ «Азия-Плюс» муҳосиби чойхона.

Аз ифшои ҷузъиёти дигари ҳодиса ӯ худдорӣ варзида, изҳор намуд, ки дар бораи як ҳалокшудаву маҷрӯҳони дигар чизе намедонад.

Қаблан як манбаъи ОИ «Азия-Плюс»  аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки ҷабрдидагон аз ин садама кормандони чойхонаи «Роҳат» буда, маълум аст, ки писари директори чойхона ба ҳалокат расидааст. «Асрор Ҳукумов осеби ҷиддие надида, танҳо баъзе ҷойи баданаш озору лат хӯрдаанд», – иброз дошта буд манбаъ.

Дар иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ зикр гардида буд, ки суръати хеле баланди автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами давлатиаш ВМ 20-20 РТ 01 ба ин ҳодиса боис гардидааст.

Ин автомашина ҳангоми ҳаракат аз  кӯчаи Рӯдакӣ ба тарафи кӯчаи И. Сомонӣ, дар чорроҳаи кӯчаи Рӯдакӣ- Шоҳмансур ба муқобили самти ҳаракат мебарояд, ки дар натиҷа ба  автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014  рақами давлатиаш  80-36 ВВ 01, ки аз кӯчаи  Шотемур ба самти кӯчаи Шероз ҳаракат мекард, бармехӯрад

Дар натиҷаи ин бархӯрд,  ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014 ва ду мусофири  дохили он бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун мебардоранд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...