Иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Франкфурт


Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Франкфурт (Frankfurter Buchmesse), ки аз 9 то 13 октябри соли 2013 баргузор мегардад, иштирок мекунад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар гӯшаи Тоҷикистон, ки муштаракан аз ҷониби намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Олмон ва Белгия ташкил карда шудааст, адабиёти илмию оммавӣ ва бадеӣ, нашрияҳои энсиклопедӣ, албомҳо ва китобҳо ба забонҳои гуногуни олам дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи истиқлолият, таърих, санъат ва фарҳанги ғанию бостонии мардуми тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд.

Гуфта мешавад, 13 октябри соли равон дар ҳошияи намоишгоҳи китоб ҳамчунин Ҳамоиш-муҳовараи махсус дар мавзӯи “Тоҷикон дар оинаи таърих” баргузор мегардад.

Таърихи Намоишгоҳи китоби Франкфурт дар асри XV замоне, ки Йоҳаннес Гутенберг чопхонаеро дар наздикии Франкфурти соҳили Майн таъсис дод, оғоз мешавад.

Ҳамасола аз намоишгоҳи мазкур зиёда аз 300 ҳазор нафар боздид мекунанд. Дар ин ҷой гӯшаҳои худро 7000 ҳайат бо намояндагӣ аз 100 кишвари дунё созмон дода, ҳудуди 400 ҳазор номгӯи китобҳо ва маҳсулоти мултимедӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное