Иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Франкфурт

Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Франкфурт (Frankfurter Buchmesse), ки аз 9 то 13 октябри соли 2013 баргузор мегардад, иштирок мекунад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар гӯшаи Тоҷикистон, ки муштаракан аз ҷониби намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Олмон ва Белгия ташкил карда шудааст, адабиёти илмию оммавӣ ва бадеӣ, нашрияҳои энсиклопедӣ, албомҳо ва китобҳо ба […]

ASIA-Plus


Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Франкфурт (Frankfurter Buchmesse), ки аз 9 то 13 октябри соли 2013 баргузор мегардад, иштирок мекунад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар гӯшаи Тоҷикистон, ки муштаракан аз ҷониби намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Олмон ва Белгия ташкил карда шудааст, адабиёти илмию оммавӣ ва бадеӣ, нашрияҳои энсиклопедӣ, албомҳо ва китобҳо ба забонҳои гуногуни олам дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи истиқлолият, таърих, санъат ва фарҳанги ғанию бостонии мардуми тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд.

Гуфта мешавад, 13 октябри соли равон дар ҳошияи намоишгоҳи китоб ҳамчунин Ҳамоиш-муҳовараи махсус дар мавзӯи “Тоҷикон дар оинаи таърих” баргузор мегардад.

Таърихи Намоишгоҳи китоби Франкфурт дар асри XV замоне, ки Йоҳаннес Гутенберг чопхонаеро дар наздикии Франкфурти соҳили Майн таъсис дод, оғоз мешавад.

Ҳамасола аз намоишгоҳи мазкур зиёда аз 300 ҳазор нафар боздид мекунанд. Дар ин ҷой гӯшаҳои худро 7000 ҳайат бо намояндагӣ аз 100 кишвари дунё созмон дода, ҳудуди 400 ҳазор номгӯи китобҳо ва маҳсулоти мултимедӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.