Аҳволи наваскарони аз садамаи қатора осебдида қаноатбахш аст

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба муассисаҳои тиббии вилоят ташриф оварда, аз хизматчиёни ҳарбие, ки дар садамаи қатори Душанбе – Конибодом ҷароҳат бардоштаанд, ҳолпурсӣ намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии раиси вилояти Суғд, Қоҳир Расулзода зимни боздид дар беморхонаи вилоятӣ бо вазъияти  7 нафар сарбозон шинос гардида, бо таъминоти онҳо ба […]

ASIA-Plus


Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба муассисаҳои тиббии вилоят ташриф оварда, аз хизматчиёни ҳарбие, ки дар садамаи қатори Душанбе – Конибодом ҷароҳат бардоштаанд, ҳолпурсӣ намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии раиси вилояти Суғд, Қоҳир Расулзода зимни боздид дар беморхонаи вилоятӣ бо вазъияти  7 нафар сарбозон шинос гардида, бо таъминоти онҳо ба доруворӣ ва маводи ғизойӣ мароқ зоҳир намуд. Тавре аён гардид, дар ин беморхона шароити зарурӣ  барои табобат муҳайё гардида, табибон ба онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.  Ҳамчунин дар беморхонаи шаҳрӣ низ 6 нафари дигар аз осебдидагони садама  бистарӣ шудаанд.

Бино ба иттилои сардори идораи тандурустии вилоят С. Собиров, ки  бар раиси вилоят гузориш дод, аз ҷумлаи ин 13 нафар вазъи саломатиии ҳамагӣ як нафар миёна арзёбӣ гардида, ҳолати он ҳам баъди ҷарроҳӣ  акнун соат ба соат беҳтар мегардад.  Ин масъули соҳаи тандурурстӣ аҳволи боқимондаҳоро хуб арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки аксари онҳо каму беш лат гирифтааанд ва имкон дорад тайи 2-3 рузи минбаъда аз бемористон  берун шаванд.

Қоҳир Расулзода ҳамчунин аз госпитали ҳарбии шаҳри Чкалов низ дидан карда, бо ҳолу аҳволи сарбозони захмгирифта, ки дар инҷо бистарӣ шудаанд, шинос гардид. Ба гуфтаи табибон ҳолати сарбозони дар госпитали ҳарбии Чкалов буда, хуб аст ва ба онҳо ёрии амаливу равонӣ дар сатҳи зарурӣ расонида мешавад. Дар госпитали ҳарбии Чкалов 25 нафар  бо бардоштани захмҳои гуногуни сабук айни ҳол дар назорати духтурон қарор доранд.

Хотиррасон мекунем, ки қатори ҳомили мусофирон, аз ҷумла сарбозон, ки аз шаҳри Душанбе ба вилояти Суғд ҳаракат мекард, субҳи 10 октябр дар қаламрави вилояти Ҷиззахи Узбакистон ба садама дучор шуд. Шоми ҳамон рӯз осебдидагон ба вилояти Суғд расонида шуданд, ки ба қабули онҳо масъулони ниҳодҳои дахлдор баромада, ба осебдидагони садама ёрии аввалин расонидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.