Эълони озмун миёни тоҷирзанони муваффақи Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон байни занони фаъолу дорои нияти таъсиси тиҷорати нав озмун эълон гардид. Дар ин бора имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон хабар доданд. Озмун дар ҳамдастӣ бо Кумитаи корҳо бо занон ва оилаи вилояти Хатлон ва Суғд бо дастгирии молиявии сафорати ИМА дар Тоҷикистон созмон дода мешавад. Дар озмун занони […]

ASIA-Plus


Дар Тоҷикистон байни занони фаъолу дорои нияти таъсиси тиҷорати нав озмун эълон гардид. Дар ин бора имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон хабар доданд.

Озмун дар ҳамдастӣ бо Кумитаи корҳо бо занон ва оилаи вилояти Хатлон ва Суғд бо дастгирии молиявии сафорати ИМА дар Тоҷикистон созмон дода мешавад. Дар озмун занони соҳибкори синнусоли аз 18 то 35-сола иштирок карда метавонанд. Тарҳҳои беҳтарини роҳандозии тиҷорати судманд бо сармоягузорӣ таъмин карда мешаванд.

Ба ғолиби озмун дастгирӣ зимни оғози роҳандозии тиҷорат ва тӯли моҳҳои аввали фаъолияти корхонаи нав кафолат дода мешавад.

Маросими қадрдонии ғолибони озмун дар доираи конфронси байнулмилалие, ки бо иштироки занони соҳибкор ва намояндагони парлумони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон моҳи январи соли оянда дар Душанбе доир мегардад, баргузор хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.