КМИР ба баррасии масоили марбут ба бақайдгирии Бобоназарова омода буд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бароои баррасии ҳуҷҷатҳои аз ҷониби ситоди Бобоназарова пешниҳодшуда омода буд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси КМИР ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён хабар дод. Ӯ таъкид дошт, ки дар доираи қонуни конститутсионӣ дар бораи интихобот номзади пешбаришуда ба мансаби президентӣ бояд 210 ҳазор имзои интихобкунандагонро ба ҷонибдориаш ҷамъоварӣ […]

ASIA-Plus


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бароои баррасии ҳуҷҷатҳои аз ҷониби ситоди Бобоназарова пешниҳодшуда омода буд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси КМИР ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён хабар дод.

Ӯ таъкид дошт, ки дар доираи қонуни конститутсионӣ дар бораи интихобот номзади пешбаришуда ба мансаби президентӣ бояд 210 ҳазор имзои интихобкунандагонро ба ҷонибдориаш ҷамъоварӣ менамуд, вале бино ба маълумоти ситоди Бобоназарова ба тарафдории ӯ каме бештар аз 201 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, раиси КМИР зикр кард, ки агар аз ҷониби ситоди Бобоназарова ҳуҷҷатҳои дар даст доштаашон пешниҳод мегардиданд, онҳо дар давоми рӯз тибқи тартиботи муқаррашуда баррасӣ шуда, аз рӯйи онҳо қарори дахлдор қабул мегардид, вале раиси КМИР дар бораи кадом қарор сухан рафтанро мушаххасан нагуфт.

Тавре қаблан хабар дода будем, номзади пешбаришуда аз ҲНИТ ОйниҳолБобоназарова шумори зарурии имзҷамъовари карда натавониста, аз маъракаи интихоботӣ хориҷ шуд.

Ҳамин тариқ, айни замон аз 7 номзади пешбаришудаи аҳзоб ба мақоми президенти Тоҷикистон 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.