Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон таҳти раёсати раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси нави андози Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Бино ба маълумоти котиби матбуоти палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов, тағйирот бештар хусусияти тасҳеҳро дошта, барои бартараф кардани мухолифатҳо дар Кодекси нави андози соли 2012 қабулшуда нигаронида шудааст.
«Барои омода кардани тағйироту илова ба Кодекси андози ҷумҳурӣ назару пешниҳодоти андозсупорандагону соҳибкорон, Хадамоти гумрук ва Кумитаи андози ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуданд ва ба баррасии вакилон 55 тағийрот пешниҳод шудааст», – зикр кард Султонов.
Ба иттилои ӯ, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси гумрук низ баррасӣ шуд.
Тамоми ин масъалаҳо ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумон даъвати чорум ворид гардиданд, ки рӯзи 17-уми октябр дар Душанбе баргузор мешавад.



