Хатлон: Кӯмаки хайрияи ташкилоти «Бобуна» ба аҳолии деҳаи Карагоч

Рӯзҳои истироҳат ташкилоти гуманитарии «Бобуна» барои аҳолии деҳаи Карагочи вилояти Хатлон, ки сатҳи гирифторӣ ба бемории сил дар он зиёд ба мушоҳида мерасад, як аксияи хайрия доир намуд. Раиси ташкилот Саидислом Мирзоев ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин аксия ба 14 нафар гирифторони бемории сил бастаҳои маводи ғизойӣ, сарулибос ва […]

Турко Дикаев


Рӯзҳои истироҳат ташкилоти гуманитарии «Бобуна» барои аҳолии деҳаи Карагочи вилояти Хатлон, ки сатҳи гирифторӣ ба бемории сил дар он зиёд ба мушоҳида мерасад, як аксияи хайрия доир намуд.

Раиси ташкилот Саидислом Мирзоев ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин аксия ба 14 нафар гирифторони бемории сил бастаҳои маводи ғизойӣ, сарулибос ва 11 тонна оби тозаи нӯшокӣ оварда шуданд. «Ба мактаби маҳаллӣ зарфи нигаҳдории об бо ғунҷоиши 500 литр супурда шуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Мирзоев, ин сафари нахустини ташкилоти «Бобуна» ба ин деҳа набуда, қаблан ташкилот дармонгоҳи зидди бемории сили маҳаллиро бо дастгоҳи флюорографӣ таъин кард.

Қобили зикр аст, ки ташкилоти «Бобуна» аз ҷониби воситаҳои худи Саидислом Мирзоев, духтури дандонпизишк ва дӯстони соҳибкори ӯ маблағгузорӣ мешавад.

Таври маълум, 461 нафар сокинони деҳаи Карагоч ба иллати хатари фаромадани селу ярч, беобӣ, мавҷудияти сарчашмаҳои гирифторӣ ба бемори сил бояд ба маҳалли дигар кӯчонида шаванд, вале алҳол танҳо як оила ба сохтмони манзил дар қитъаи замини барои кӯчонидан пешбинишуда оғоз намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.