Пешниҳоди 55 тағйирот ба Кодекси андоз ба вакилони парлумон

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон таҳти раёсати раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси нави андози Тоҷикистон баррасӣ шуд. Бино ба маълумоти котиби матбуоти палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов, тағйирот бештар хусусияти тасҳеҳро дошта, барои бартараф кардани мухолифатҳо дар Кодекси нави андози соли 2012 қабулшуда нигаронида шудааст. «Барои […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон таҳти раёсати раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси нави андози Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Бино ба маълумоти котиби матбуоти палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов, тағйирот бештар хусусияти тасҳеҳро дошта, барои бартараф кардани мухолифатҳо дар Кодекси нави андози соли 2012 қабулшуда нигаронида шудааст.

«Барои омода кардани тағйироту илова ба Кодекси андози ҷумҳурӣ назару пешниҳодоти андозсупорандагону соҳибкорон, Хадамоти гумрук ва Кумитаи андози ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуданд ва ба баррасии вакилон 55 тағийрот пешниҳод шудааст», – зикр кард Султонов.

Ба иттилои ӯ, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси гумрук низ баррасӣ шуд.

Тамоми ин масъалаҳо ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумон даъвати чорум ворид гардиданд, ки рӯзи 17-уми октябр дар Душанбе баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.