Ахири ҳафтаи гузашта дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ доир гардид, ки дар он масъалаи омодагиҳо ба мавсими пешорӯи зимистонгузаронӣ баррасӣ шуд.
Мақомоти обуҳавошиносӣ ва маркази «Росгидромет»зимистони имсола дар Тоҷикистонро сарду тӯлонӣ – аз ноябри соли равон то ахири моҳи феврал пешгӯӣ мекунанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хулоса аз натиҷаи санҷишҳои мутақобилаи аз ҷониби комиссияҳои марбута дар таносуби ноҳияҳо оид ба ҳолати омодагиҳои фонди манзил, муассисаҳои иҷтимоӣ ва Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе суратгирифта, ба масъулин дастур фармуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкони манзил ва иншоот барои қабули гармии аз тарафи Ҷамъияти саҳҳомии навъи кушодаи «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ» – и ШСХК “Барқи Тоҷик” дар мавсим пешниҳодшаванда, иҷрои корҳои нақшавиро тақвият бахшанд.
Дар ин росто комиссияҳои назоратии фаъолияткунанда вазифадор гардиданд, ки бо идома додани кори худ унвонии Раиси шаҳр оид ба ҳолати воқеии корҳои омодагӣ аз ҷониби сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва ШСХК “Барқи Тоҷик” маълумот манзур созанд.



