ВКД фарзанди кӣ будани Р.Амонуллоро ба инобат намегирад

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар робита ба садамаи нақлиёти фоҷеабор,ки бар асари он се нафар ҷон бохтанд, як изҳороте интишор намуд. Дар изҳорот аз ҷула зикр мегардад, ки расонаҳои ахбори умум ба садамаи шаби 8-ум ба 9-уми октябри соли ҷорӣ рухдода, ҳаргуна тобиши сиёсӣ дода, ишораи онро доранд, ки гӯё Вазорати корҳои дохилӣ майли аз […]

ASIA-Plus


Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар робита ба садамаи нақлиёти фоҷеабор,ки бар асари он се нафар ҷон бохтанд, як изҳороте интишор намуд.

Дар изҳорот аз ҷула зикр мегардад, ки расонаҳои ахбори умум ба садамаи шаби 8-ум ба 9-уми октябри соли ҷорӣ рухдода, ҳаргуна тобиши сиёсӣ дода, ишораи онро доранд, ки гӯё Вазорати корҳои дохилӣ майли аз ҷавобгарӣ дур сохтани гунаҳгоронро дошта бошад.

«Ҳаминро бояд қайд намуд, ки ҳодисаи мазкур бо риояи тамоми талаботҳои қонуну қоидаҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда шуда, нисбати он парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни замон тафтишоти он идома дорад», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар идома ҳамчунин таъкид мешавад, ки сарфи назар аз гунаҳкор будани фарзанди кадом шахси воломақом, ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Дар бораи макони будубоши гунаҳкори эҳтимолӣ имрӯз васоити ахбори умуми Тоҷикистон маълумоти зидду нақиз интишор мекунанд. Бино ба маълумоти бахши тоҷикии

сомонаи радиои «Озодӣ»

бидуни ифшои сарчашмаи хабар аз намояндаи тафтишот, Расули Амонуллоҳ, писари 16-солаи раҳбари ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ «бо мақсади табобати дасташ» дар Олмон қарор дорад. Вай гуфтааст, волидони ин наврас «ваъда додаанд, ки бо сиҳат шудани захми дасташ  фарзандашонро барои ширкат дар ҷараёни тафтишот ҳозир хоҳанд кард».

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи «ИмрӯзNews» бо такя ба як сарчашма аз мақомоти интизомӣ иттилоъ медиҳад, ки Р.Амонулло аллакай боздошт ва дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе таҳти назорати кормандони мақомот ва табибон қарор дорад.

Дар маркази матбуоти ВКД ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» аз тасдиқ ё инкори маълумот дар бораи қаламрави Тоҷикистонро тарк кардани Р.Амонулло худдорӣ варзида, ваъда доданд, ки ояндаи наздик дар ин хусус маълумот пешниҳод хоҳанд кард.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки Расул Амонулло аз рӯзи 11-уми октябр таҳти

забонхати тарк накардани маҳалли зист

қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки шоми рӯзи 9-уми октябр  дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд.

Ҳамчунин чанде қабл ҳуқуқшинос, директори созмони ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳуқуқи инсон» 

Сергей Романов

дар робита ба ин ҳодиса изҳор намуда буд, ки тафтишот бояд чӣ гуна ва аз куҷо дастрас шудани ҳуҷчати ронандагии ноболиғ Расули Амонуллоро, ки бо гуноҳи ӯ дар садамаи нақлиёт се нафар ҷон бохтанд, ошкор намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.