Маҳбусон Тошев ва Ризоев 11 солро пушти панҷара паси сар мекунанд

spot_imgspot_img

Дата:


Суди шаҳри Хуҷанд маҳбусони муассисаи ислоҳии низоми шадиди ЯС 3/3-и шаҳри Хуҷанд Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоевро мутаносибан ба 7 ва 9 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.

Суд онҳоро мутобиқи тамоми айбномаҳои қаблан пешниҳодшуда – моддаи 332, қ. 2 (Кирдорҳое, ки шахси адокунандаи ҷазо дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ содир намудаааст) ва 346, қ. 2 (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор эътироф намуд.

Ҳукм рӯзи 18-уми октябр дар бинои тавқифгоҳи мувақктӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳри Хуҷанд эълон шуд. Дар маросими эълони ҳукм ба ҷуз хабарнигорони Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, дигар журналистон роҳ дода нашуданд.

Файзинисо Воҳидова, адвокати Садриддин Тошев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки судя муддати чор соат ҳукмро қироат кард. «Зерҳимояи ман ба 7 ва Ризоев ба 9 соли зиндон маҳкум шуданд, аммо тавассути қисман ҷамъ кардан аз ҳукми қаблӣ, муҷозоти ниҳоӣ ба онҳо ба муҳлати 11 соли маҳрумият аз озодӣ – ба Тошев 2 соли аввал дар зиндон ва боқимонда дар муассисаи ислоҳии низоми махсус, ба Ризоев 11 соли пурра дар муассисаи ислоҳии низоми махсус таъин гардид», – гуфт адвокат.

Маҳбусон аслан барои дар як қатор ВАО пайдо шудани сабти видеоие гунаҳкор дониста мешаванд, ки дар он зиндониён, аз ҷумла Ризоев ва Тошев дар назди камера аз истифодаи шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон сухан гуфта, осори зарбу лати гӯё аз ҷониби кормандони муассиса гирифтаашонро намоиш медиҳанд.

Ф.Воҳидова мутмаин аст, ки «ҳукм комилан сохтакорӣ шудааст». Ӯ изҳор намуд, ки аз болои ҳукми суд шикояти кассатсионӣ бурданист. «Аз болои ин ҳукм мо ба суди вилоят шикоят мебарем», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди кушод будани баррасии ин парванда, ҳамаи мурофиаҳои судӣ пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳри Хуҷанд доир гардида, танҳо дар як мурофиа ба ҳузури журналистони хабаргузориҳои «Озодӣ», «Озодагон» ва «Азия-Плюс» иҷозат дода шуд.

Тошев ва Ризоев дар қатори як гурӯҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта пас аз марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд. Наздикони Ҳамза Ҳакимзода то ҳол мегӯянд, ки дар ҷисми ӯ осори возеҳи шиканҷа ва лату кӯб аён буд, аммо коршиносон сабаби марги Икромзодаро худро ба дор овехтан арзёбӣ намуданд. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...