Шаҳритӯс: Ҳалокати 3 нафар дар садамаи нақлиёт

spot_imgspot_img

Дата:


Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар қаламрави хоҷагии деҳқонии «Содиқ»-и ноҳияи Шаҳритӯс рух дод, ду кӯдаки хурдсол ва як ҷавондухтар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, сокини 22-солаи ҳамин ноҳия Маъмура Қаландарова ҳангоми ба сари заминҳои хоҷагии деҳқонии «Содиқ»-и ноҳияи Шаҳритуз бо мақсади даравидани шолӣ рафтан, дар вақти идора кардани автомашинаи тамғаи «Тико» дар қитъаи замине, ки роҳи автомобилгард мавҷуд нест, дар сари заминҳои пахта аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канали обгузар чаппа намудааст.

«Дар натиҷа се нафар мусофирони автомашина – Хайринисо Хӯҷамбердиеваи 19-сола, Асрор Анварови 3-сола ва Асадбек Анварови 2-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», – иттилоъ медиҳад ВКД ҶТ.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...