Дар Вазорати нақлиёти ҶТ бо намояндагони гурӯҳи коршиносони Бонки Осиёии Рушд вохӯрӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорат, дар вохӯрӣ аз ҷониби вазорат, муовини вазир Шералӣ Ганҷалов, сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо Бозоралӣ Ҳаётов, сармутахассиси Шӯъбаи кор бо сармоягузории хориҷӣ Сӯҳроб Одинаев ва директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Мухтор Неъматов аз ҷониби меҳмонон, мутахассис оид ба бахши молиявии Шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ ҷаноби Приянка Суд иштирок намуданд.
Ҷонибҳо масъалаи баҳодиҳии кумаки техникӣ барои дастгирии рушди шарикии давлат дар бахши хусусиро баррасӣ намуданд. Зимни вохӯрӣ муовини вазир Ш. Ганҷалов ба меҳмон дар хусуси бахши фазои инвеститсионӣ ва дастгирии рушди шарикии давлат дар бахши хусусӣ маълумот дод. Барои татбиқи дастгирии рушди шарикии давлат дар бахши хусусӣ, иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол, нигоҳдории қитъаи роҳи автомобилгарди Ваҳдат-Обигарм (76 км) ба ширкати ҶФДММ “Ғаюр-1” ва қитъаи роҳи Нуробод-Нимич (73 км) ба Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” супорида шудааст
Масъалаҳо оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои соҳаи нақлиёт (ба монанди таҷдиди роҳҳои Душанбе-сарҳади Қирғизистон марҳилаҳои 1, 2, 3, Душанбе-Турсунзода, Айнӣ-Панҷакент, Восеъ-Ховалинг ва таҳияи нақшаи генералии сектори нақлиёт), ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ мешаванд, инчунин муайян намудани самтҳои ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ гардиданд.



