Даъвати вакили тоҷик бобати тақвияти мубориза бо терроризм дар конфронси байнулмилалӣ

Чанд рӯз қабл дар чаҳорчӯби иҷлосияи тирамоҳии Ассамблеяи байнипарлумонии САҲА дар шаҳри Будва (Черногория) таҳти унвони «Вокуниш ба таҳдидҳои фаромиллӣ ва ҳимоя аз ҳуқуқи инсон: нақши САҲА» конфронси байнипарлумонӣ доир гардад, ки дар кори он беш аз 200 нафар вакилон аз 50 кишвари дунё ширкат варзиданд. Бино ба маълумоти Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, зимни суханронӣ […]

ASIA-Plus


Чанд рӯз қабл дар чаҳорчӯби иҷлосияи тирамоҳии Ассамблеяи байнипарлумонии САҲА дар шаҳри Будва (Черногория) таҳти унвони «Вокуниш ба таҳдидҳои фаромиллӣ ва ҳимоя аз ҳуқуқи инсон: нақши САҲА» конфронси байнипарлумонӣ доир гардад, ки дар кори он беш аз 200 нафар вакилон аз 50 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Бино ба маълумоти Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар яке аз ҷаласаҳо раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба умури байнулмилалӣ, иттилоот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Олим Салимзода зикр кард, ки густариш ва таҳкими заминаи иқтисодии ҳокимияти сиёсӣ дар Афғонистон тавассути истифодаи густардаи ниҳодҳо ва меъёрҳои маъмулӣ, тақвияти фаъолияти зиёиён ва рӯҳониён, ҷавонон, васоити ахбори умум ва ҳамчунин роҳандозии муколамаи созанда миёни тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ имконпазир аст.

Вакили парлумони Тоҷикистон аз Ассамблеяи байнипарлумонии САҲА ва дигар созмонҳои байнипарлумонӣ даъват кард, ки дар мубоиза бо терроризм аз ҷумла тавассути фаъолияти қонунофарӣ дар бахши роҳ надодан ба хушунат бештар саҳм бигиранд.

Бино ба маълумоти Дафтари САҲА дар ҶТ, дар ҷараёни кори конфронс ҳайати Тоҷикистон дар баррасии масоили таҳдидҳо ба амнияти минтақа фаъолона ширкат варзида, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба оқибатҳои имконпазир баъди хурӯҷи нерӯҳои низомии эътилофи байнулмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 ва зарурати таъмини амният дар ин кишвар ҷалб намуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.